БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОНРО МИНБАЪД НИЗ ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ МЕНАМОЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “МТМУ№65”-и Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилот  маҷлис доир намуданд.

Сараввал муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ ба сухан баромада, оид ба фаъолияти  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ибрози андеша карда, таъкид кард, ки  дар оянда низ фаъолияти  ҳизбиро  ҷоннок карда,  шахсони   арзандаву соҳимбобрӯро ба сафи ҳизб  шомил намоем.

Дар идома раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилот ҳисобот дода,  қайд намуд, ки минбаъд низ фаъолияти худро дар соҳаи маориф беҳтар намуда, барои тарбияи насли ҷавони ин кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми худро мегузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg