БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕСТ БОД ХОИНОНИ МИЛЛАТ!!!

ВОКУНИШ. Таърих гувоҳ аст, ки пешрафти босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму маориф ва зиндагии шоиставу шароити беҳтари ҳаёт маҳз зери сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Вале боиси таассуфи беандоза аст, ки имрӯзҳо душманону хоинони миллат, ки тоҷику тоҷикзода номидани онҳо садҳо бор ҳайф аст, дар саҳфаҳои мухталифи иҷтимоӣ, шабакаҳои интернетӣ бо ақоиди мухолифи худ нисбати  давлату давлатдории имрӯза баромад намуда, бо ин амалҳои номардона, разилона ва пастфитратонаи  хеш амнияту суботи кишварро халалдор месозанд.

Ин афрод, ки барои осоиштагиву ободии ин кишвар заррае ҳам саҳм надоранд, ободиву пешрафти Ватанамонро нодида мегиранд. Бо ҳисси бухлу ҳасаду кина ҳар як дастоварди халқамонро ба таври худ бозтоб медиҳанд, ки ин худ як ҷудоиандозӣ, тафриқасозӣ ва ваҳшатангезӣ аст. Онҳо аҳримансифатонанд, ки дар замири мардум ба ҷуз тухми кинаву адоват, парокандагӣ, навмедиву дилсардӣ ба ояндаи нек дигар чизе намекоранд. Бо ин амалҳои ғайримусалмонии худ имрӯз назди халқу миллат ва фардо назди Худованд ҷавоб хоҳанд дод. Ҳамаи амалҳои онҳоро мо дар силсилафилми «Хиёнат» тамошо кардему бо чашми сар дидем.

Ҳар нафаре, ки имрӯз худро соҳибватан мешуморад, бояд хуб дарк созад, ки онҳо душманони нотавонбини  ҳар як узви ҷомеа ҳастанд. Даст ба дасти якдигар дода, аз ҳар як сокини бонангу ори ин Ватани ободу зебо, алалхусус, ҷавонон даъват ба амал меорем, ки зери сиёсати Пешвои муаззами худ муттаҳид бошем ва решаи заҳрпечидаи хоинони миллатро аз беху бун нобуд созем.

Саидов  Илҳомиддин,  мутахассиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg