
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази Спид” маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа доир гардид, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок ва баромад намуданд.
Алиев Зафар мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти К умитаи иҷроия аз фаъолияти нуҳмоҳа изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, интизоми дохилиҳизбӣ, қабули босифати аъзои ҲХДТ, амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва обуна ба матбуоти даврӣ дар назди ҳозирин вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар маҷлис вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, дар фарҷом як гурӯҳ фаъолони ҳизб барои фаъолияти назаррас дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сарфароз гардонида шуданд.