БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

АНДЕША. Падару модар дарахти сабзи низоми хилқатанд, ки фарзандон меваҳои шодоби он мебошанд. Онон замини пурбаракате ҳастанд, ки маҳди пурмеҳри онон заминасози парвариши насли одамиён ва оғӯши гармашон бистари муносибе барои рушду шукуфоии истеъдоди фарзандон мебошад.

Вазифаи падару модар ниҳоят гуногунпаҳлӯ ва вазнин буда, аз онҳо сабру таҳаммул, бурдборӣ ва заҳмату талоши пайвастаро ҷиҳати тарбияи солими фарзандон тақозо дорад. Мутаассифона, баъзе падару модар ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир накарда, ба ин кори ниҳоят муҳим бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, оқибат самараи талхи тарбияи худро бо чашм мебинанд, вале афсӯс ки пушаймонӣ суде надорад.

Ҳар як падару модар барои фарзандони худ бояд намунаи ибрат бошанд, то дар камолоти онҳо нақши муассире бозанд. Дар масири таърих падару модарони зиёде фарзандони солеҳи худро бо беҳтарин усулҳо тарбияву парвариш намудаанд, ки ифтихори ҳам падару модар ва ҳам кишвари азизашон шудаанд. Таълиму тарбияти дурусти фарзандон, манъ намудани онҳо аз корҳои зишту нораво (аз қабили даст задан ва ширкат намудан дар амалиёти ифротгароӣ, рехтани хуни ноҳақ чи дар дохили кишвар, чи дар хориҷ аз он), дар руҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза мебошад.   

Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои ахлоқи накӯ ва ба ҷомеа нафърасон мебошад.

Падару модар бояд мувозинати адолатро дар оила, миёни фарзандон дар ҳама маврид нигоҳ доранд. Тарбият на фақат муҳаббат ва дилсӯзӣ ба як фарзанди дилписанд аст, балки ба ҳамаи фарзандон бо як чашм нигоҳ кардан ва хубиву бадии онҳоро берӯихотир баррасӣ кардан мебошад. Дар акси ҳол ба иллати беадолатии волидон ниҳоли кина ва ҳасодат дар дили фарзандон нисбат ба якдигар реша давонида, ҳосили талх ба бор хоҳад овард. Ёд оред Юсуфро ки аз тарафи падарашон Яъқуб баргузида шуд ва аз сари ҳасади бародаронаш боиси ба чоҳ афтоданаш гардид. Ин буд ҳосили он чи ки Яъқуб Юсуфро бештар аз онон дӯст медошт. 

Агар волидон дар оилаи хуб тарбия гирифта бошанд ва саводи хуб дошта бошанд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки фарзанди худро низ боодобу ботамиз ба воя расонанд.

Дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фаъолият мекунад, ки ин қонун 2-уми августи соли 2011 таҳти №762 қабул карда шудааст. Мақсад аз қабули қонуни мазкур беаҳамият набудани волидон дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад. Бояд гуфт, ки қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидонро дар тарбияи дурусти фарзандон беаҳамият намегузорад. Махсусан, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба боз ҳам баланд бардоштан ва пурзӯр намудани масъулияти падар ва модар дар раванди таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи инсондӯстӣ, ватандорӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии фарзанд ва насли наврас дар ҷомеа мусоидат менамояд.  

Умедаи Акрамзода, масъули пахши сомонаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg