БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУТАШАККИЛОНА БА РОҲ МОНДАНИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ МИЁНИ АҲОЛӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ вобаста ба пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус, захираи маводи ғизоӣ барои зимистон мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи тарғиботӣ миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.  

Дар раванди мулоқоту вохӯриҳо аъзои гурӯҳи корӣ ба мардум ҷиҳати беҳдошти саломатиашон тавсияҳо дода, аз ҷумла таъкид намуданд, ки  ҳангоми баромадан аз хона ҳатман ниқобҳои тиббӣ пӯшанд ва ба ин васила худ ва атрофиёнро аз сироятёбии бемории коронавирус эмин нигоҳ доранд.

Инчунин,  барои баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ намояндагон бо сокинон суҳбатҳо гузаронида, барои риояи тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус, аз қабили риояи гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ, истифодаи доимии маҳлулҳои антисептикӣ ва ба роҳ мондани корҳои поксозию безарраргардонии маҳалли зист дастуру тавсияҳои муфид доданд.   

Дар баробари ин, намояндагон бо сокинон ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳо, гузаронидани кишти такрорӣ, захираи маводи ғизоӣ барои зимистон тавассути консервакунонӣ ва захираи ангишту ҳезум миёни аҳолӣ ва дар муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустии ҳудуди деҳот, вусъати корҳои ободонӣ ва ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баромадҳо намуда, дастуру маслиҳатҳо доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg