БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГ ҲАМЧУН ТАҶАССУМГАРИ СИМОИ МАЪНАВИИ ХАЛҚ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Фарҳанг” хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимни баромадҳо қайд шуд, ки бо ташаббуси давлату хукумат дар давраи соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ дода мешавад.

Пешвои миллат дар Паёмашон вобаста ба соҳаи фарҳанг ҷиҳати баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ аҳамияти хосса доданд.

Бо назардошти иқдоми Пешвои миллат дар самти устувор сохтани мавқеи фарҳангии миллати тоҷик  баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 -солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар назар гирифта шуданд.Дар идома оид ба мубориза бо хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона суханронӣ карда  шуда, иштирокдорон даъват гардиданд, ки фарҳангиёнро  лозим аст, ки  рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд. Инчунин, зимни мулоқот бо кормандон ва аъзои фаъоли ҳизбӣ масъулин оид ба пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии каронавирус (СОVID-19) ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон иштирокдорон иброз доштанд, ки ҳатман гигиенаи шахсиро риоя намуда, дар ин раванд корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум дучанд мегардонанд ва баҳри саломатии худ ва ҷомеа саҳми худро мегузоранд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg