КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз тарафи масъулини ҳизбӣ вохӯриҳо бо маром идома ёфта истодааст.
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази саратоншиносӣ" бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Насим Саидов, Шоинов Ҳасан ва роҳбори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саратоншиносӣ” мулоқот доир гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ суҳбат атрофи масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷроиши саривақтии обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, ҳушдор намудан ҷиҳати пешниҳоди сарвақтии мақолаву андешаҳо ва вокунишҳо барои пурра сохтани фазои иттилоотии мамлакат ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.