БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАМЪБАСТИ НУҲМОҲА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ГУЗАРОНИДА ШУД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳа дар ташкилоти ибтидоии «Анористон»-и Ҷамоати деҳоти Абдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамбастӣ доир гардид.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ оғоз намуда, ёдовар шуд, ки аъзои ташкилот дар ҳамаи чорабинҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳамзамон, аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилот гуфта шуд, ки дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозанд, ки дар ояндаи наздик бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем. Инчунин, кайд гардид, ки ҳамаи кормандон аъзои ҲХДТ буда, баҳри татбиқи ҳадафҳои ҳизб тамоми  малакаи худро равона менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg