БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз суханрониҳои Пешвои миллат бо фаъолони кишвар рӯҳбаланд гардида, онро дарси маънавӣ донистаанд

БАЛҶУВОН. Тибқи   нақшаи  корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи   Балҷувон   дар деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев  бо иштироки И.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф ва  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия Ғуломов Асомуддин  мулоқот доир гардид.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба вохӯрии Пешвои миллат бо аҳли зиё, ки санаи 12 майи соли равон  ироа гардида буд,  шарҳу тавзеҳ дода, қайд карданд, ки суханрониҳои судманди Президенти кишвар ба некӯаҳволии мардум нигаронида шуда, мо шаҳрвандонро лозим аст, ки  баҳри иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор диҳем ва сулҳу оромии кишвар, осудагии рӯзгорамонро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.

Дар ин росто  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани  соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки  мақсад аз  баргузории мулоқот дар якҷоягӣ бо такя ба нерӯи созандаи халқ андешидани чораҳо баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротию  террористӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди хоҷагидорӣ, рушди анъанаҳои неки ниёгон, дастаҷамъона мубориза бурдан бар зидди коррупсия, наъманадию нашъаҷаллобӣ ва урфу одатҳои ба миллати мо бегона  мебошад.

Дар охир иштирокдорон суханрониҳои масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки баҳри дар амал татбиқ кардани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  талош менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg