ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ вохӯрӣ доир карда шуд.
Зимни вохӯрӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ Нозимова Сафаргул ба сухан баромада, дар бораи фаъолияти ташкилот дар нӯҳ моҳи соли 2020 ҳисобот дод.
Дар навбати худ намояндагони ҳизбӣ оид ба Барномаи Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда таҳия шуда, ба саҳми иштирокдорон расонида, таъкид карданд, ки дар ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масъалаҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида, барои боз ҳам беҳтар гардонидани солимии ҷомеа саъю талош варзанд.