БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ РУШДИ ҶОМЕА

АНДЕША. Мусаллам аст, ки омӯзиши таърих ва таҷрибаи дар тӯли асрҳо андухтаи миллатамон ба мо барои бунёд кардани давлати пешрафта, тараққихоҳ ва сулҳдӯст, инчунин таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва дар қалби мардум баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар воқеъ, агар мо ба таърихи кунунии миллатамон аз ҳар самте, ки нигарем, бо таърихи истиқлолияти мамлакат пайванд мегирад. Истиқлолият сарманшаи ҷаҳони имрӯзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳоди хеш ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асолат бахшидааст.

Дар вусъати шинохти замонӣ пойгоҳи аввали истиқлолияти воқеӣ комёбӣ дар андарёфти консепсияи меҳварии сиёсиву иҷтимоист, ки бо решаву унсурҳои мустаҳками маънавӣ аз ҳувияти миллӣ ва фарҳангии халқ сарчашма мегирад. Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон ҳам, бо вуҷуди ба даст овардани расмияти сиёсӣ то расидан ба ҷавҳари аслӣ, яъне то воқеияти ҳаётӣ пайдо кардани худ марҳилаи душворгузари ташаккулу таҳаввулро паймудааст. Дар замоне ки давлати абарқудрати Шӯравӣ вопасин рӯзҳои худро ба сар мебурд ва дар саросари қаламрави он оташи низоъҳои сиёсӣ сар мезад, Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар таърихи 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳилаи тозаи таърихиро ифтитоҳ бахшид. Инак, бисту нуҳ сол аст, ки Тоҷикистон дар ҷодаи истиқлолияти давлатӣ, дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Аз дидгоҳи сиёсӣ ҳуҷҷати расмии ин даврони нави таърихи миллати мо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки соли 1991 дар ВАО интишор гардид. Ҳангоме, ки бар аслу моҳияти истиқлолият андар матни сарнавишти таърихии қавму миллатҳо меандешем, дармеёбем, ки эъломи истиқлолият ва касби соҳибихтиёрии сиёсиву иқтисодӣ фақат оғози рисолати сангинест, ки бо тарҳандозӣ, ташаккул ва рушди низоми усулан ҷадиди сиёсӣ ва ниҳодҳои умури ҷамъиятӣ давра ба давра мазмун ва моҳияти ҳуқуқии худро мукаммал месозад.

Бисту нуҳ соли Истиқлолияти давлатӣ, ба таъбири Пешвои миллат, «марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кӯтоҳ, вале пур аз ҳаводису рӯйдодҳои муҳими тақдирсози халқи мо мебошад». Дар таҷрибаи давлатдории халқҳои ҷаҳон кам иттифоқ афтодааст, ки дар чунин фосилаи кӯтоҳ душвортарин ҷодаҳо сипарда шавад ва маҷмӯи ибтикороти азим дар масири давлатсозӣ ба салоҳу тавфиқ ёр гардад. Халқи тоҷик бо ҳидоят ва раҳнамоии Сарвари хеш он ҳақиқатро ба субут расонид, ки инсон бо қудрати иродати бузурги озодихоҳӣ ва андешаву тафаккури ҳайратангези худ дар бисту нуҳ сол пайкори садсолаҳоро метавонад сомону саранҷом бахшад ва дар қаламрави таърих фурсатро ба саҳнаи корзорҳои бемисл, ба даврони тараққии давлатдорӣ табдил диҳад. Халқи Тоҷикистон аз оғози Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ бо вуҷуди гирифторӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва низоъҳои дохилӣ паём ва фарҳанги сулҳи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муроҷиати ӯро дар хусуси аз ҳама ғаразу манфиатҳои ҳизбиву табақотиву гурӯҳӣ болотар гузоштани ягонагии миллӣ ба ҳусни ихлос истиқбол намуд.

Воқеан ҳам, эҳё, пуштибонӣ ва дифоъ аз арзишҳои асили миллӣ дифоъ аз манфиатҳои навъи башар, дифоъ аз арзишҳои умумиинсонист. Бинобар ин сиёсати миллиятсиришт ва маънавиасоси Тоҷикистони соҳибистиқлол чун паёмҳои таърихӣ ва кунунии тоҷикон ба мардуми олам дар сатҳи сиёсати ҷаҳонӣ муҷиби пазироӣ, дастгирӣ ва таблиғ қарор гирифт. Имрӯз бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат ҷумҳуриамон бо 128 давлати ҷаҳон муносибатҳои ҳасанаи дипломатӣ барқарор намудааст. Сиёсати фарҳангдӯстӣ, меросмеҳварӣ ва шинохти таъриху тамаддуншиносии Президенти мамлакат барои тақвият, мустаҳкам гардидани ҳувияти миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ нигаронда шуда, ҳисси ватандӯстӣ ва душманшиносии ҷавонони кишварро бедор намудааст. Ҷавҳари ҷавонмардӣ ва хиради азалӣ дар симои зоҳирӣ ва андешаву афкори Пешвои миллат аз ибтидо аён буд. Вай системаҳои низоми иқтисодии кишварро, ки дар натиҷаи дигаргун гаштани сохтори сиёсию низоми давлатдорӣ ва ҷанги таҳмилӣ аз ҳам пошида, валангор гашта буданд, аз нав дар шароити низоми демократӣ бозсозӣ намуд.
Бояд эътироф кард, ки дастовардҳои иқтисодиёти Тоҷикистон дар зарфи бисту нуҳ соли Истиқлолият азиму бовусъат аст. Муҳимаш он ки пойдевори иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аз оғоз бо таваҷҷуҳ ба манфиати тамоми аҳолии кишвар бунёд ниҳода шуд. Дар пайвастагӣ бо ташаккули аслҳои ҳокимияти сиёсӣ, ниҳод ва низоми қонунгузорӣ, ки бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро бар мабнои ҳувияти миллӣ ва арзишҳои демократӣ дар ҳадаф дошт, низоми нави иқтисодие пайрезӣ гардид, ки заминаҳои мувофиқро барои озодии иқтисодии инсону ҷомеа фароҳам овард. Дар роҳи дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегии иҷтимоиву иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон мушкилоти зиёде паси сар шуданд, аммо мушкилоту муаммоҳое ҳастанду дар пешанд, ки роҳҳо ва марҳилаҳои ҳалли онҳо дар барномаҳои дурнамои давлатӣ таҷассум ёфтаанд ва Роҳбари давлат низ дар суханрониҳо ва Паёмҳои ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ вазифаҳои наздику дур ва тадбирҳои давлатро дар самти иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ батафсил шарҳ медиҳад. Нуктаи мусаллам ин аст, ки дар сиёсати иқтисодии давлат роҳи равшану саҳеҳ бо заминагузорӣ, барномарезӣ ва тасмимгириҳои амиқу дақиқи илмӣ тарҳрезӣ шудааст. Роҳе, ки ҷомеаро ба сарманзили мақсуд, ба рӯзгори ободу кишвари озод ҳидоят мебахшад.

Дар шароити ниҳоят пуртазоду ҳассоси ҷаҳони муосир тавассути бунёди қасру марказҳои фарҳанг, маориф, осорхонаву китобхонаҳо, таҷлили солгарди бузургони илму адабиёт, баланд бардоштани сатҳу сифати маърифати аҳолӣ, тарғиби илму донишҳои муосир, густариши худшиносии таърихиву фарҳангӣ дар байни наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо аҳамияти хоса дорад.
Дар қатори ҳамаи ин, маориф соҳаи афзалиятноки ҷомеа эълон гардида, дар ин самт низ дастовардҳои зиёде ба назар мерасанд. Айни замон 40 муассисаи олии касбӣ барои омӯзиши ихтисосҳои гуногун бо тамоми шароити техникии ҳозиразамон муҷаҳҳазанд, ки ҷавонон аз он ба таври фаровон истифода мебаранд. Қабули қарору қонунҳои соҳавӣ ва назорати иҷрои онҳо далели он аст, ки соҳа воқеан ҳам афзалиятнок буда, мактабу маориф манбаи кадрҳои ихтисосманд аст. Махсусан, солҳои охир вобаста ба ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат соҳаи маориф хеле рушд ёфта, шароити созгор барои таълиму тарбияи насли наврас ба миён омад. Аз ҷумла, омӯзгорони зиёде аз нав рӯ ба мактаб оварданд, теъдоди зиёди ҷавономӯзгорон ба кор шурӯъ карданд. Аксари таълимгоҳҳо ҳамин тавр бо омӯзгорон таъмин гардиданд. Чунонки Сарвари давлат батакрор таъкид менамоянд: «…таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор гардидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияи муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад».

Аксари ҳалли масоили вобаста ба рушди ҷомеа аз омӯзгор вобастагии калон дорад. Мо, бояд дар ҳама маврид зиракии сиёсиро аз даст надода, барои шукуфоии диёру мустаҳкам кардани пояҳои истиқлоламон ва баланд бардоштани обрӯи кишвар дар арсаи ҷаҳон талош биварзем.

Бақоев Сулаймон, узви гурӯҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg