БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИТОДИ НОҲИЯВИИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ БО НИШОНДИҲАНДАҲОИ НАЗАРРАС ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз санаи 10 сентябри соли равон бо қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб таъсис дода шуд, фаъолияти худро дар самти таблиғу ташвиқи номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи маъракаҳои пешазинтихоботӣ ба роҳ монда, баъди гузаронидани интихобот ҷамъбаст намуд.

Дар ҷамъбасти Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботӣ роҳбари Ситод, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Муминзода Мастура Табарӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳалимов Маҳмаддовуд баромад намуда, фаъолияти ситодҳои пешазинтихоботӣ ва 8 зергурӯҳҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва 1 зергурӯҳи ташкилоту муассисаҳои ноҳиявиро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳозиринро барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ доир намудани чорабиниҳои пешазинтихоботӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg