ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем!” Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ бо роҳбари хоҷагии деҳқонии “Саидҷон”, аъзои фаъоли ҳизб Азимов Руслан ба 40 нафар оилаҳои ниёзманди ҷомеа аз деҳаҳои Ҷамоатҳои деҳоти Кангурт ва Қарақамиш ба маблағи 13000 сомонӣ маводи ғизоӣ кумак расониданд. Ин иқдоми нек аз ҷониби шахсони эҳтиёҷманд бо хушнудӣ пазируфта шуда, онҳо ин ташаббуси инсондӯстонаро давоми ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.