БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ БА ВАТАНУ МИЛЛАТ НОБАХШИДАНИСТ!

ВОКУНИШ. Мардуми шарифи тоҷик пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» боз аз корҳои ба анҷом расонидаи ин авбошони ватанфурӯш огаҳ гаштанд, ки ин афрод дар қатлу куштор, бегуноҳ ба гаравгон гирифтани шаҳрвандон ва бераҳмона ба азобу шиканҷа гирифтор намудани одамон, ба қатл расонидани олимону донишмандон ва ятим мондани тифлакон дар Тоҷикистон, маҳс ин гурӯҳи нохалаф ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзат нақши калидӣ бозидаасд.

Дар филми “Хиёнат” тамоми он хиёнатгарӣ, ватанфурӯшӣ ва амалҳои зиддиинсонии аъзои ин ташкилоти ифротӣ бо далелҳои воқеӣ ва собитшуда пешкаши тамошобинон гардидааст.

Пас аз тамошои ин филм ва дидани ин ҳама амалҳои зишти ТЭТ ҲНИ акнун мардуми кишвар хуб дарк намуданд, ки ҳизби наҳзат яке аз ҳизбҳои сиёсии кишвар ба ҳисоб мерафт, дар дохили кишвар зери пардаи беҳтар сохтани зиндагии мардум фаъолият мебурд, дар асл чи нияту мақсадҳои нопоку разилона ва нақшаҳои касифона доштааст. Дар филми “Хиёнат” мақсадҳои нопоку мубриғонаи онҳо ошкору ба намоиш гузошта шуд, ки  ниятҳои касифи аъзои ин ташкилоти ифротӣ, ки айни замон дар хориҷи кишвар аз пайи иҷрои супоришҳои хоҷагонашон ҳастанд, рӯи об баромад. Қайд кардан зарур аст, ки имрӯзҳо низ ин хоинони миллат пас аз қатъ гардидани фаъолияти ҳизби наҳзаташон мехоҳанд дар Тоҷикистоне, ки сулҳу ваҳдат, оромӣ пойдор аст, сӯзан халонида халалдор намоянд.

Воқеан ҳам шахс агар ба наворҳои бохтаю фишурдаи дар сомонаҳои интернетӣ пахш намудаи гурӯҳҳои ҷиноятпешаро дида худро бетараф монда наметавонад. Таъсис додани паймони бофта ба номи (Паймони миллӣ), ин пеш аз ҳама шикастани қолаби куҳнаро дорад, аниқтараш ТТЭ ҲНИ-ро, ки ба ҳамагон маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар сиёҳ шудаву ҳама аз онҳо рӯй гардонидаанд. Бо таъсиси ин ташкилоти бо номи (Паймони миллӣ) чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи кишвар ягон манфиате ё фоидае надорад ба ҷуз аз танқиду таклиф ва саҳначаҳои бофта вале намедонад, ки азми ӯ бефоида мемонад, зеро оҳи модарон, ки фарзандашонро гумроҳ кард, аз гиребонаш хоҳад гирифт.

Мо аллакай огоҳем, ки натиҷаи ҳамаи мақсадҳо ва амалҳои шумо, ҳамоно ноором кардани фазои орому осудаи кишвар ва дигарбора ба хоку хун кашидан ва «соҳиби давлат» шудан аст. Ин аз ҳамон тарзи баёни ақидаву андешаи маъмулии шумо гурӯҳҳои бадхоҳи Тоҷикистон пайдост.   Вале ҷойи ҳайрат ин аст, ки чӣ гуна то ҳол дарк накардаед, ки дигар ҳарфатон таъсире нахоҳад гузошт ба миллати тоҷик ва  мардуми Тоҷикистон. Чун аз хурд то бузурги Тоҷикистони азиз имрӯз мешиносанд шуморо ва аз ҳар ҳарфи мегуфтаатон марому мақсадатонро ошкор кардану фаҳмидан имрӯз ҳатто барои як навраси тоҷикистонӣ мушкил нест.

Ин ҷоҳилон ва хоинони миллат дар мамалакатҳои бегона машварату нишастҳо ва саҳначаҳои хешро доир намуда, нисбат ба Тоҷикистон бо туҳмату буҳтон ва маълумотҳои дурӯғи худ баҳои манфӣ медиҳанд сару садоҳои дурӯғин паҳн мекунанд. Дар асл ин нишастҳо ба касе намефорад ва он маблағҳое, ки аз ҳар хориҷиён ба даст меоранд, бефоида сарф менамоянд.

Маҳз кирдорҳои манфур ва нияти нопок доштани ин гуна ҳизбу ҳаракатҳоро ба инобат гирифта, созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои қудратманди олам ҲНИ-ро ҳам дар қатори «Ал-қоида»-ю «Толибон»-у «ДИИШ» ба рӯйхати ягонаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил карда, фаъолияти онро дар ҳудуди худашон манъ кардаанд. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он кишварҳои Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон дохил мешаванд ва ҳамчунин Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки ташкилоти қудратманди минтақа мебошад, ҲНИ-ро якдилона ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намуд. Аъзову ҷонибдорони ин ҳизби бадхоҳи миллату давлати тоҷикон айни замон дар давлатҳои хориҷа берун аз кишвар худро чун муши бегуноҳ ҷилва дода, ба бадном кардани Ватану миллат ва ҳукумати миллии давлатамон машғул шуда, ба худ ҳомию сарпаноҳ меҷӯянд. Гарчанде айни замон дасти кӯтоҳ доранду ба миллату давлат зарари моддӣ ва ҷисмонӣ расонида наметавонанд, аммо ба навъи дигари терроризм, яъне бадномкунӣ ва иттилооти бардурӯғу туҳматомез паҳн кардан аз тариқи воситаҳои ахбори умум ва аз тариқи навиштани шикоятнома ба созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин иштирок дар маҳфилу ҷамъомадҳои байналмилалӣ машғуланд.

Ин нафарон бо ҳама ҷиноятҳои содиркардаи хеш имрӯзҳо шарм надошта, тариқи расонаҳои интернетӣ худро бегуноҳу мазлум нишон медиҳанд. Вале аъмоли содирнамудаи онҳо, ки саросар ҷиноятист, бо ин бечоранолиҳо тағйир нахоҳад кард ва аз зеҳни мардум онро наметавон пок сохт.

Боварӣ дорем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон дар марҳалаи осоишу амният ва созандагию бунёдкорӣ қарор доранду фирефтаи амалҳои ин ватанфурӯшон намегарданд.

Суҳроб Валиев, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант                                                      

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg