БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМ ВА РУШДИ ҶОМЕА НАЗАРРАС АСТ

ВОСЕЪ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева ва мутахассиси ҳамин шуъба Ситамова Роҳила иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Гулрухсор дар баромади худ  изҳор кард, ки роҳбарияти олии ҳизб нисбат ба занон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа диққати махсус зоҳир менамояд. Дар баробари ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, стратегия, конвенсияҳо ва паймону протоколҳои иловагӣ ба онро қабул кард, ки баҳри боз ҳам боло бурдани нақши зан дар ҷомеа ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо хизмат мекунанд.

Ситамова Роҳила дар навбати худ қайд дошт, ки дар ҳар давру замон занон бо меҳнати шоистаи худ дар таърихи миллат нақши сазовор гузоштаанд. Низомҳо дигар мешаванд, сиёсатҳо тағйир меёбанд, вале зан-модар, ки ҷавҳари ӯро меҳру муҳаббат, самимият ва покию иффат ташкил медиҳад, дар ҳама вақт неруе боқӣ мемонад, ки инсоният ба ӯ эҳтиёҷ дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg