ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади натиҷагирӣ аз фъолияти нуҳмоҳаи ташкилотҳои ҳизбӣ бо иштироки муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Исмоил Ҷалилов дар ташкилоти ибтидоии «Сипарони Ватан» маҷлис доир гардид.
Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ Саъдуллоев Тағай оғоз намуда, ёдовар шуд, ки аъзои ташкилот дар баргузории чорабинии сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузошта, ҳама бо як руҳияи баланд дар ин маъракаи муҳим иштироки фаъолона намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилот ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳое, ки дар назар дошта шудааст, ҷиҳати амалӣ гардидани он саъю талош карда истодаанд.