БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУВАФФАҚИЯТ АЗ МОСТ, КАМБУДИҲО БЕГОНААНД

Ҷаласаи ниҳоии Ситоди вилоятии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои ситод, ҳайати гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ, шахсони боэътимоди намзад ба мансаби президентӣ баргузор гашт. Ҷаласаро раиси ситод Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ифтитоҳ карда, ҳамаи иштирокдоронро барои музаффарият дар интихобот табрик гуфт. Дар  ин баробар аз номи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи иштирокдорон ва дар шахсияти онҳо ба тамоми тарғиботчиёну ҳизбиёни шаҳру ноҳияҳо изҳори сипос намуд. Қайд дошт, ки ҳизби мо бо устуворӣ як қадами дигар пеш гузошт. Ин дастовард моро водор месозад, ки минбаъд низ фаъолияти пурсамар дошта, ба боварии халқ сазовор бошем. Зеро ҳизби мо халқист ва ҳадафаш расидан ба зиндагии шоистаи мардум мебошад.

“Мо мардуми некбахтем, ки бо талошҳои Роҳбари ҳизбамон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаем. Роҳи мо рост аст, касе, ки ба роҳи рост меравад, пас бо мост”,– афзуд раиси ситод.  

– Шахсони боъэтимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тољикистон аз ҲХДТ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин – ректори Донишгоҳи далватии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Шоҳиён Нуралӣ Набот – ректори Донишгоҳи давлатии Данғара ва Асалмо Сафарзода – сармуҳаррири нашрияи “Хатлон” дар шаҳру навоҳии вилоят 61 вохӯӣ доир намуданд, – гуфт Ҳаким Ишмуродов, котиби ситоди вилоятӣ.

Ба гуфтаи ӯ аъзои гурӯҳҳои тарғиботии марказӣ 25 ва гурӯҳҳои вилоятӣ 129 мулоқот доир карданд.

Фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ тибқи ҳисоботи рейтингӣ қаноатбахш ҳисобида шуд. Ба иттилои котиби ситод санаи 11 октябр дар вилоят аз 1 миллиону 717 ҳазору 513 раъйдиҳанда, 1 миллиону 477 ҳазору 513 нафар дар интихобот иштирок карданд, ки аз ин 1 миллиону 341 ҳазору 768 нафар, яъне 78,1 дарсад ба ҷонибдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.

 Раиси ситод Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дар идомаи ҷаласа  изҳори фараҳмандӣ намуд, ки маърака дар сатҳи хуб ҷамъбаст гардид.  –  Бояд  донист, ки муваффақият аз мост, камбудиҳо бегонаанд. Моро зарур аст, ки барои бартараф кардани камбудиҳо бештар талош варзем. Албатта ин музаффарияти мо на ҳар касро хушҳол мекунад. Агар ба хости ҳар нафари “дӯст” мо қадам занем, шояд ба ҳадафи хеш нарасем. Дар умум мақсаде, ки пеши мо буд, тавонистем сари вақт ва босифат иҷро намоем, – иброз дошт Миралиён Қиёмиддин.  

Дар қисмати дигари ситод ба ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳияҳои Ховалинг, Фархор, Кӯшониён, Кӯлоб, Н.Хусрав ва ба ҳайати аъзои гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ – Аҳмадҷон  Ализода, Талаб Нозимов, Саидқул Шомалангзода, Хосият Миралиева, Асалмо Сафарзода, Солеҳа Қосимзода, ки дар корҳои тарғиботӣ ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ саҳми фаъолона доштанд, бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.

Дар хотима раиси ситод Миралиён Қиёмиддин бо боварии хос гуфт, ки фаъолияти ситоди мо қаноатбахш ҷамъбаст гардид. Изҳори боварӣ кард, ки минбаъд низ ҳамсафон дар иҷрои ҳадафҳои олии ҲХДТ фаъол хоҳанд монд.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

                                                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg