БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУНОҲИ ХОИНОНИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ НОБАХШИДАНИСТ

(Филми “Хиёнат”, ки инъикосгари хиёнати ба Ватан намудаи роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом мебошад, чунин мазмунро дорост).

ВОКУНИШ. Дар ёд дорам, ки замоне мо аз куҷо, аз кадом минтақаи ҷумҳурӣ  буданамонро  пинҳон медоштем. Аз он ҳарос доштем, ки   шахси рӯ ба рӯ омадаамон аз ҷойи дигар, аз дигар гӯшаи кишвар набошад.  Душманони миллат - роҳбарони ҲНИ дониста  фарзандони як миллат ва як модарро ба минтақаҳо ҷудо намуда, ба муқобили якдигар бархезонданд. Онҳо  дар таҷрибаи дар хориҷа андухтаашон инро хуб медонистанд.  Ҳамин тавр дар солҳои навадуми асри гузашта  мардуми мамлакатро  ба чандин гурӯҳ  тақсим  карданд. Ин гурӯҳҳо бо ташвиқи роҳбарони  душманони миллат   хонаи якдигарро оташ заданд, якдигарро куштанд. Қисме барои зинда мондан аз баҳри ҳама чиз гузашта, тарки Ватан намуданд. 

Ҳамаи ин аз он оғоз гардид, ки мо ба суханони иғвоангезонаи душманон, на танҳо душманон, балки хоинони давлату миллат,  ватанфурӯшони наҳзатӣ бовар намудем.Ман ба офарандагони филми “Хиёнат”  садҳо ташаккур мегӯям, ки парда аз рӯи  таблиғу ташвиқи бардурӯғи солҳо пинҳондоштаи ҲНИ-иён бардошт ва бори дигар симои хоинони Ватан, чеҳраи аслии онҳоро ба мардум нишон дод.Бори каҷи роҳбарони ин ташкилоти террористӣ- экстремистӣ ба манзил нарасид. Онҳо ба мақсади нопоки худ, ки мехостанд сохти давлатдориро дигар намуда, дар мамлакат давлати бо ном исломӣ барпо намоянд, нарасиданд.Ба сари қудрат омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як тарраҳуми Парвардигор нисбати миллати азияткашидаи тоҷик буд. Танҳо ӯ  буд, ки бо сиёсати сулҳофарӣ Тоҷикистонро аз миёни оташу хун раҳо намуд ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.Акнун, ки мо ба рӯзҳои пурсаодат расидаем, душманон дигарбора мехоҳанд  бо роҳи найрангу фиреб дар байни мардум нооромиро ба вуҷуд биоранд. Мақсади онҳо ба ҳамагон маълум аст. Онҳо ҳоло ҳам аз нияти нопоки худ барнагаштаанд. Онҳо  мақсаду мароми хоинонаи худро ҳамроҳ ба гӯр мебаранд. Зеро дигар ба каломи дурӯғу фитангези онҳо касе бовар намекунад.Мардуми Тоҷикистон омодааст, ки Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишварро чун ҷон дар бадан ҳимоя номоянд. Инро онҳо рисолати шаҳрвандии худ медонад.  

Исфандиёр Саимаҳмудов, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg