БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВСЕА БАХШИДАН БА ФАЪОЛИЯТИ ЗАНОН ДАР РУШДИ КИШВАР АЗ САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБ

ЛЕВАКАНТ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таълимии №14 вохӯрии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Нуринисо Ибодуллоева бо ҷавондухтарони ин муассисаи таълимӣ  доир гардид.

Чуноне, ки қайд гардид ин иқдом баҳри ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб кардани духтарон, талқини ҳунармандию ҳунаромӯзӣ, ҳурмату эҳтироми падару модар ва ҳамчунин тарбияи маънавию ахлоқии онҳо ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки дастгирии занон аз самтҳои асосии барномаи ҲХДТ буда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» тасдиқ гардид ва даҳҳо санадҳои дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст, замина гузоштанд.

Ҳамчунин “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 ва ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ” қабул гардидани солҳои 2019-2021 баҳри ба ҳунармандию ҳунаромӯзӣ ҷалб шудани занону духтарон ва дар ин замина пайдо шудани имкониятҳои нав баҳри беҳтар шудани шароити зиндагии оилаҳо нақши муҳим бозид.

Дар охир ҷавондухтарон низ изҳор доштанд, ки талош хоҳанд кард, то ки бо фаъолияти пурмаҳсул, иродаи қавӣ ва ифтихор аз Ватани соҳибистиқлолу ваҳдатофар дар пешрафту гулгулшукуфии Ватан саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg