БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Масъулияти ҷомеа дар анҷоми амалҳои созанда зоҳир мегардад

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  ташаббуси пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018 «Соли тақвияти робита дар маҳал» эълон гардидааст, дастгирӣ намуда , ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияро  оид ба барномаҳои ҳизбӣ ва огоҳ намудан аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   фаҳмонида  истодаанд.

Масъулин  зимни баргузории вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Беморхонаи марказӣ -2», ки воқеъ дар ҷамоати деҳоти Заргари  ноҳияи Кушониён  ҷойгир шудааст,  вохӯрӣ гузарониданд.

Ҳамзамон, зимни суҳбат Абдуллоев Мирвоҳид  доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои  афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ба дарки ҷомеа расонидани хатарҳои ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ,  истифода аз захираҳои бойи маънавии  таърихи  миллати тоҷик,  эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ равона гардидааст, андешаронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg