БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ЗАНОН ДАР АМАЛИШАВИИ ҲАДАФҲОИ БАРНОМАВИИ ҲХДТ НАЗАРРАС АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Чорбоғ" бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Чорбоғ"  Воҳидова Рафоат иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ баромад намуда, изҳор кард, ки  роҳбарияти олии ҳизб нисбат ба занон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ҳамасола нисбати ин қишри ҷомеа ва мавқеи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа, чораҳои зарурӣ андешида мешавад.  Зимни музокира гуфта шуд, ки ҲХДТ фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, бо ширкати фаъолона ва иқдому ташаббусҳои аъзо ва ҷонибдорони худ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар нақши арзанда гузошта истодааст.

Воҳидова Рафоат дар навбати худ қайд дошт, ки солҳои охир ҲХДТ дар ҷомеа ҷойгоҳи сазовори сиёсӣ ва ҷамъиятӣ пайдо намуда, натанҳо ҳизби сернуфуз, балки ҳизби пешсафи мафкуравии ҷомеа мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg