
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо кормандони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии (СЭС) ноҳия хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Зимни мулоқот бо кормандон ва аъзои фаъоли ҳизбӣ оид ба пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии каронавирус (СОVID-19) ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, иштирокдорон иброз доштанд, ки ҳатман гигиенаи шахсиро риоя намуда, дар ин раванд корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум дучанд мегардонанд ва баҳри саломатии худ ва ҷомеа саҳми худро мегузоранд.
Дар охир ба 15 нафар кормандони фаъоли идораи мазкур шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия супорида шуд.