БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОН ЧИ КАБИРӢ ХОСТ, НА ОН МЕШАВАД, ОН ЧИ КИ ХУДО ХОСТ, ҲАМОН МЕШАВАД

АНДЕША. Хушбахтона, бо  амри  тақдир  дар  давраи  навбатии маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  боз ҳам Пешвои муаззами  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо ҷонибдории   аксарияти  мардуми  Тоҷикистон, ба  мансаби  олии Президенти  кишвар  интихоб  гардиданд, ки ҳамчун шаҳрванди кишвар,  ҳамаи  ҳамватанони  азизу  ҷоноҷонамонро, ки  чӣ дар  дохиланду  чӣ  дар  хориҷи  он  табрику  муборакбодашон  менамоям,ки бетарафӣ накарда, дар ин маъракаи муҳими  сиёсӣ баҳри ояндаи дурахшони кишвар овоз доданд.

Зеро, Тоҷикистони  соҳибистиқлол  ва  ҳаёти  орому  осудаи  мардуми он  бо  талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ    Раҳмон   фароҳам   оварда   шудаасту   мардуми   шарафманди  ин  сарзамин   бо   пуштибонӣ   аз  сиёсати  оқилонаю  созандагии   ин  қаҳрамони   миллат   манша  мегирад. Нигоҳ  накарда  ба  натиҷаҳои  интихобот  ва  ба ин  ҳама  муттаҳидии халқи   Тоҷикистон, ташкилотҳои  террористиву  экстремистӣ, ифротгароёнаи   наҳзатиён  ва  дигар  гурӯҳҳои    аҷнабипараст  ҳоло  ҳам  бар зидди  миллату  давлати  хеш  бо суханбофию туҳматҳои  беасос  садо  баланд  карда  истодаанд. Таърихи миллати тоҷик исботгари он  аст, ки роҳбарият ва ҳаммаслакони  ТТЭ  ҲНИ  бо  амалу  кирдорҳои  ғаразнок  ва ноҷавонмардонаи  худ  ҳамчун  хоинони  миллат шинохта  шудаасту  охир дигар  мардуми   шарафманди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  чеҳраҳои аслии онҳоро  пайхас  намуда, дигар  ба  онҳо  бовар  надоранду  чӣ   ҳоҷат  аст,ки аз дур истода  ба  мисли  саг  аккос  мезананд.

Фаромӯш   кардаанд,ки  солҳои  1990-1992-юм  маҳз  аз дасти ана ҳамин  наҳзатиёни  хунхор куштори даҳҳо ҳазор нафар  ҷавонон, ҳазорон кӯдакон сағир монданд, садҳо хонаву мағозаву дӯконро вайрону валангор намуданд магар амали ваҳшиёнаву разилона нест?

Овардаанд,ки ;

Ҳар чӣ дилат хост на он мешавад,

Ҳар чӣ Худо (Ҷ) хост ҳамон мешавад.

Он  чӣ  Худо (Ҷ)  хост  ҳамон  шуд, дигар  чӣ  ҳоҷати  баҳсу зидди хости Парвардигор баромадани Шумо, агар ки мусулмонзода ҳастеду калимаи  шаҳодатро  бар  забон  овардаву худро Худопараст  меҳисобед.

Ё  ба фикрам  миёни  Кабирию  пайравонаш  бо  мусулмонӣ;

Ҳазорсола раҳест аз ту то мусулмонӣ,

Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

ҳамин бошад.

Маҳз  баҳси  охире,ки  роҳбари  бо  ном Паймони миллӣ  Кабирии хоину  мазҳабфурӯш  бо  Додоҷони  Атовулло  тариқи  шабакаи  интренетӣ  аз  сомонаи  Радиои  Озодӣ  баргузор  карданд,   наҳзатиён  мехоҳанд,ки  ба  ҳар  коре  даст  задаву кишварро  ба  хун  оғушта  кардаву ҳазорҳо  ҳазорро  куштаву  беному  нишон  кардаву  дар охир  оянду танҳо бо  як бахшиш аз  халқи  Тоҷикистон  узр  пурсанд.

Дӯстонро дар ниқоби душманон бинӣ матарс,

Ал-ҳазар аз душмане к-андар ниқоби  дӯстист.

Чизи  дигар, ки  Атовуллову  Кабирӣ  дар  ҷараёни  ин мубоҳисаашон  бо  суханҳои  дурӯғу  бофтаҳои  худ  дар  симои  Пешвои миллат, танҳо обрӯи  миллати  тоҷикро  дар  арсаи  байналмилалӣ паст кардаву  аз  эътиқоди  динии  мардум  истифода  бурда, тавассути  пайравони гумроҳашон ва дастгирии  хоҷаҳои хориҷиашон  мехоҳанд  дар  кишвар  вазъро  ноором  сохта, ба  ниятҳои нопоки  худ  расанд.

Аз  ин  ҷо  бармеояд, ки  сарчашмаи  асосии   экстремистӣ – террористӣ   ва ифротӣ  ана  ҳамин  Кабириву пайравонашон мебошанд, ки исломро  сипари худ ҷило додаанд ва мардумро аз лиҳози динӣ фиреб доданд, дини исломе, ки мояи онро инсондустиву инсонпарварӣ ташкил мекунад  ба  даҳшату   ҷаҳолати   худ  гумроҳшудагон  истифода  намуданд,ки  ин  ҳама то ҳол ба  рушди  кишвар ва зиндагии шоистаи мардуми  мо монеагиҳо  эҷод  месозад.

Бо  ифтихормандӣ  бояд қайд кард,ки халқи Тоҷикистон дигар ба кирдору  амалҳои   ғаразноку  ноҷавонмардонаи  хоинони  миллат, Кабирию  пайравонаш  ва  дигар  гурӯҳҳои  аҷнабипарасту  хоҷаҳои  хариҷӣ  бовар  накарда, дар  чунин  фазои  сулҳу суботи кишвар  зиндагии  саодатмандона  намуда  дар  татбиқи  сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои миллат, Роҳбари давлату Ҳукумати Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  бо дастовардҳои сазовори  меҳнатӣ  истиқбол  менамоянд.

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ, БА ПЕШ, БА ПЕШ!!!

Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg