БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!!!

АНДЕША. Ин садои қалбе аст, ки сар то по аз муҳаббату самимият нисбат ба миллату фарҳанг, гузаштаву имрӯзаи хеш дошта, ҳар таппиши қалбаш, дардаш, шодиаш, нигоҳаш, чеҳраи нурафшонаш тоҷикона садо медиҳаду тоҷикона аст.

Чун ҳангоми ба истифода додани чархаи дуюми НБО Роғун аз минбари баланд дар қатори дигар даъватҳои самимиву инсонӣ бо эҳсосоти хоси тоҷикона аҳли нишаст ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ободиву созандагӣ, тинҷиву амонӣ, дӯстдориву вафо, ифтихори милливу ватандорӣ, худшиносиву хирадмандӣ, зиракиву ҳушёрӣ даъват намуда, иброз дошт ТОҶИКИСТОН – БА ПЕШ!, яъне ба сӯи қуллаҳои баланди созандагиву ободкориҳои нав ба нав. Дар ин лаҳзаҳо дили ман ва ҳазорҳо ҳамчу ман аз фараҳу шодӣ лабрез гашт. Баъд аз ин даъвати хирадмандона, ибораи муқаддаси «Тоҷикистон – ба пеш!» ба шиори ҳар фарди соҳибхираду соҳибдил мубаддал гаштааст..

Имрӯзҳо шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони азиз поён надорад. Бо самимият ва муҳаббати зиёди ин мардуми сарбаланд, Пешвои муаззами миллат, ҳамоне ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, давлатдории миллиро сохт, кишвари азизамонро аз бумбасти коммуникатсионӣ берун овард, иқтисодиётро рушд дод, ҳамоне ки баҳри озодиву истиқлолияти ин сарзамин, ободиву оромии он, Ваҳдату озодиро овардааст, инсоне, ки сар то по тоҷик асту тоҷикона сухан мегӯяд, ифтихор дорад, ғуруру сарфарозиҳояш аз ин мулки биҳиштӣ оламиёнро ба тааҷуб овардааст, Президенти маҳбуби кишварамон интихоб шуд.

Ҳанӯз, аз таҳлилҳои Барномаи пешазинтихоботии Пешвои муаззами миллат маълум буд, ки танҳо барои боз ҳам ободу зебо, орому осоишта ва оромии Ватани азизамон ин Барнома сафарбар шуда, мақсад рушду нумуи Тоҷикистони азиз дар тамоми ҷабҳаҳо мебошад. Яъне, дар арсаи байналмилалӣ манзалати ин миллати куҳанбунёд ҷой ва мақоми хоси худро бояд мустаҳкам намуда, муаррифкунандаи марзу бум ва таъриху фарҳанги аҷдодиамон бошад.

Барои мисол «Барномаи рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум», ки солҳои 2021-2027-ро дар бар мегирад, яке аз он нақшаҳои бузурги пешниҳодгардида аст. Аз ҷумла, таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ,неруи инсонӣ, ривоҷу равнақ бахшидани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷомеаро фарогир аст. Барномаи мазкур ва иҷроиши талаботҳои он дар давоми солҳои нишондодашуда гувоҳ аз боз ҳам беҳтару хубтар гардидани шароити зисту зиндагонии аҳолӣ дар тамоми самтҳои гуногуни ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон, диққати махсус додан ба рушди илму маориф, давра ба давра зиёд намудани маоши кормандони ин соҳа, бо технологияи наву ҷаҳонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технологияҳо ва инноватсия барои давраҳои солҳои 2030» низ яке аз хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар рушду нумӯи илму маорифи кишвари азизамон ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки «Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд».

Бояд иброз намуд, ки ғамхори нисбат ба миллат ва омӯзиши фанҳои дақик аз самтҳои дигари асосии пешбурди ҷомеаи солиму ҷаҳонӣ дар олами илму техника низ яке аз ташабусҳои назарраси Пешвои миллат аст, ки фармуда: “…имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад”. Маҳз ҳамин даъватҳои ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки солҳои 2020-2040 дар ҷумҳурӣ солҳои омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ эълон гардид ва ин як қадами устувортари дигар барои рушди технологияҳои навин дар кишвари азизамон мебошад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки Барномаи мазкур дар самтҳои шуғл, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёт, иттилоот ва ҷавонон, занон, варзиш, амният, мудофиа, таҳкими қонунгузорӣ, сиёсати хориҷӣ, байналмилалӣ, муборизаи қотеъона бурдан бо терроризм, экстремизми байналмилалӣ ва ғайраҳоро дар бар гирифта, барои беҳбудии кишвари азиз ва мардуми шарифи он дар истифода қарор хоҳад гирифт. Зеро ҳама ин гувоҳ аз нумӯи Тоҷикистони азиз буда, қадамҳои боз ҳам устувортарро дар арсаи байналмилалӣ ин миллат ва сарзамину мардуми бонангу ор ва шарифаш бори дигар тоҷикона, оқилонаву орифона аз ҷониби Пешвои маҳбуб муаррифӣ мегардад. Сулҳу субот, оромиву осоиштагиро, ки таи 29 сол сарбаландона нигоҳ  дошта омадан ва дар майдони бузурги набардҳои фарҳангиву илмӣ, сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳо дар қатори дигар кишварҳои бузурги олам дастболо шудан, бо ҷаҳониён ошно намудани гузаштаи бузурги миллат ва ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда, ҷони ҷавонашро қурбони оромиву осоиштагии Ватани азиз баҳри сохтани давлату миллат, овардани озодиву истиқлолият, ваҳдату оромӣ ҳама рисолатҳои беҳамтои Пешвои муаззами миллат ва хизматҳои беназирашон дар назди мардуми баруманди Тоҷикистони азиз аст, ки Ватани мову шумост.

Агар таърих Исмоили Сомониро ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон муаррифӣ намояд, баъд аз ҳазор соли парокандагиву талошҳои зиёди ин миллат ба хотири пос доштани муқаддасоти миллӣ, забону фарҳанг, урфу одат, арҷ гузоштан ба гузаштаи дури аҷдодон ва ифтихор доштан аз дирӯзу имрӯзи сарзамини хеш, Пешвои муаззами миллат тавонист мардумро ба ҳам биёрад, баъд аз парокандагиҳову даргириҳои начандон дури таърихӣ, ки қариб буд Ватани азизамон бори дигар пора-пора бо дасти душманони ҳасудхӯру нотавонбин тақсим мешуд, давлати навини тоҷиконро бо номи ТОҶИКИСТОН сохт ва ба ҷаҳониён ҳамчун номбардори гузаштагони хеш, ин миллату сарзаминро муаррифӣ карда тавонист.

Имрӯзҳо дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари пешрафта, ташаббускор, созанда ва нигоҳи нек дошта, барои пойдории меҳру муҳаббат, садоқату вафо, баробариву бародарӣ дар рӯи олам мешиносанд ва эҳтиром менамоянд, ки ин ҳама талошҳои бебозгашти Пешвои миллат барои сарзамини тоҷикон ва миллати баруманди он ба шумор меравад.

Аз ин рӯ, аз ҳамватанони гиромӣ даъват намуда, гуфтаниам, ки дар паҳлуи ин марди хирад, самои соф, ки нурафшону гулафшон асту мо орому осудаем, чун ситораҳои пурнур сарҷамъ ба ҳам омада, тавонем бори дигар ба ҷаҳониён оқиливу хирадмандӣ, зиракиву ҳушёрӣ ва дӯстдори марзу буми хеш буданро, ки ин рисолат мероси ниёгони хирадманди мост нишон дода, ҳама сарҷамъ  даст ба даст бо ҳам бо орзуҳои нек баҳри ободиву оромӣ, пойдориву безаволии кишвари азизамон ТОҶИКИСТОН камари ҳиммат баста бигӯем:

Сухани Пешво раҳнамои мост,

Тоҷикистон, ба пеш, ҳамеша ба пеш!

Гавҳар Шарофзода,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg