БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН НИЁЗ ДОШТ ВА ДОРАД

Эй Пешвои номдори ин замон,

Марди майдон, ҳам хирадманди ҷаҳон.

Аз ҳама шоҳони олам беҳтарӣ,

Бар ту зебад тахту тоҷу сарварӣ.

 

АНДЕША. Интихоботи баргузоршудаи Президентӣ дар кишвари соҳибистиқлоли мо нишонаи барҷастаи ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, ҳар як шаҳрванд тавонист, ки озодона ва ихтиёрӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок кунад ва қарзи шаҳрвандии худро адо намояд.

Дарвоқеъ, рӯзи 11-уми октябр дар кишвари мо рӯзи пурнишот, пурифтихор ва рӯзи таърихию сиёсӣ буд, чунки мардум бо руҳияи идона ва қалбҳои саршор аз муҳаббат ҷониби участкаҳои интихоботӣ раҳсипор шуда, ба тарафдории номзади арзандаи хеш овоз доданд. Дар ин рӯзи накӯ хурсандии интихобкунандагонро ҳадду канор набуд, аз пири рӯзгордида то ҷавони 18-сола дар ин интихоботи шаффофу демократӣ иштирок карданд. Дар чеҳраи ҳар кадоми онҳо як руҳия болида падидор буд, ки он ҳам бошад руҳияи баланди ватандорию ватандӯстӣ ва муҳим будани овози онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ. Бисёр ҳам як лаҳзаи хуб ва эҳсоси аҷибест вақте, ки кас вориди утоқи овоздиҳӣ гардида, дар танҳоӣ ва озодона мавқеи хешро муайян мекунад. Кас худро ҳамчун инсони комилҳуқуқ мешиносад ва мефахрад, ки ин комилҳуқуқиро ба мо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фазои орому осоиштаи мамлакат фароҳам овардааст.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин интихобот чун интихоботҳои қаблии Президентӣ дар интихоби хеш хато накардаем. Гузаштагони мо дар ин маврид мақоли хубе доранд, ки чунин аст: «Устухонро шикан ва мағзашро гир»! Сокинони мамлакати мо дар асоси ин мақоли халқӣ дар интихоботи Президентӣ беҳтарин ва арзандатарин номзадро ба ин мансаби воло интихоб намуданд. Бояд зикр намуд, ки вобаста ба вазъияти хеле ҳассоси ҷаҳони пуртаззоди муосир бояд зимоми давлатдории кишвари мо ба дасти сиёсатмадори таҷрибадор бошад, ки  ин гуна инсон танҳо  ва танҳо Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ин ин гуна вазъият ба Президенте чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниёз дошт ва дорад. Дар ин росто шоири шинохта Муҳаммад Алӣ дуруст фармудааст:

Эй шафқату шукӯҳи дарбори Тоҷикистон!

Пушту паноҳи миллат девори Тоҷикистон!      

Мо-мардуми ноҳияи Панҷ чун дигар сокинони сарбаланди диёр аз сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат пуштибонӣ намуда, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадам ва устуворем.

Холов Диловар, узви гурӯҳи таҳлилии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ     

 

        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg