
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази саломатии ноҳия бо истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи А. Раҳимови Ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карданд.
Дар рафти чорабинӣ масъулин ба сокинон фаҳмониданд, ки чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа буда, натанҳо пешгирӣ аз коронавирус, балки аз тамоми бемориҳои мавсимӣ, ки дар фаслҳои тирамоҳу баҳор авҷ мегиранд, мебошад. Аз ин хотир, ҳар як нафарро зарур аст, аз қоидаҳои беҳдоштӣ, маводҳои антисептикӣ истифода карда, худ ва дигаронро аз ҳамагуна бемориҳо эмин нигоҳ дорад. Сипас, ба онҳо маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ дастрас карданд.