БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО АЗ ШОМИЛШАВИИ ҲАР ГУНА ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ХУДДОРӢ МЕНАМОЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор  гардид.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза Раззоқ иштирок намуда, оид ба хатарҳои терроризму экстремизм суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҷомеаи башарӣ дар марҳилаи муосири рушди худ ба раванду ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро мураттаб гардонида натавонанд ҳам, дар инкишофи таърихии халқҳо, кишварҳо ва минтақаҳои гуногун таъсири назаррас мерасонанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ аз ҳамаи дигар ҷараёнҳои дигаре, ки хусусияти глобалӣ доранд, хатарноктар мебошанд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд.

Дар идомаи хониши сиёсӣ раиси Ҷамоати мазкур Мирзоев Сайҷаъфар иброз намуд, ки терроризм ва экстремизм ба амну субот ва ҳаёти осоиштагии мо хатар дорад. Барои пешгирии паҳншавии зуҳуроти терроризм ва экстремизм фаъол будани ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg