БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ГИГИЕНАИ ШАХСИРО ҲАТМАН РИОЯ МЕНАМОЯНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар кӯчаҳои Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук суҳбатҳои сарироҳӣ доир намуданд.

Дар ин вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ бо сокинон суҳбат намуда, иброз дошт, ки ҳар як шахсро мебояд дар ин вазъияти ҳассос гигиенаи шахсиро риоя намуда, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ мусоидат намояд.

Ҳамзамон, сокинон иброз намуданд, ки онҳо ҳатман гигиенаи шахсиро риоя карда, барои пешгирии ин беморӣ ҳифзи солимии ҷомеа  саҳм хоҳанд гузошт ва бо ин амал худро ва атрифоёнро аз сироятёбӣ нигоҳ медоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg