БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОНИ МОДАРИЯМ - ИФТИХОРАМ

Забони модариам ифтихорам.
Саодатбахши халқи номдорам.
Дар олам аз ҳама ширинтарӣ ту,
Ба Синову Хайёмат саҷда орам.

АНДЕША. Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барон ҳар як инсони комил баробари дамидани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанӯз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ садо медиҳад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад, сазовори навои баландмазмуни модари азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист.
Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу қарин ва меҳрафзост. Аҷаб гуворост лафзи модар. Аҷаб ширину беолоиш, ҳаётбахш, суфтаю ба дил қарин аст забони модари бузург.
Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зиннатофарини ҳаёт бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида. мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем: Зеро фармудаанд: 

Забони модарӣ фархунда доред,

Шумо, ки ворисони рӯзгоред.
Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.  

Вазифаи ҳар як тоҷикзабон пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву нуқсонҳои ғайр нигоҳ доштан ё бо забони бегона сухан гуфтан алфози модарии хеш саҳмгузор бошем. Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз ҳама бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Воқеан, агар кас забони худро донад, омӯхтани дигар забонҳо барояш осон мегардад:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.

Ба ифодаи Турсунзодаи бузург: «Забони мо хеле устувор аст, мо имрӯз ҳам ашъори Рӯдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем».
Пас, бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо ҳанӯз дар замонҳои зиндагии Рӯдакии бузург бо сухани бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони форсии дарии тоҷикӣ ӯ саҳми босазое гузоштааст. Ӯ эътиқоди ҳамасрони худро нисбат ба анъанаи забони арабӣ тағйир дод ва назари илму адаби замонашро ба сӯйи забони модарӣ нигаронд. Намунаи содагии забони шеъри Рӯдакӣ нишон медиҳад, ки ӯ дар таърихи забону адабиёти мо ҳақиқатан ҳам нақши босазо гузоштааст. Дар қатори ӯ садҳо бузургони хирад дар барқарор гардидани забони тоҷикӣ хидмати босазое намудаанд. Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то ба имрӯз аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаргунӣ дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст.
Мо насли имрӯз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз 22 июли соли 1989 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ — забони тоҷикӣ эълон гардид. 5 октябри соли 2009 тахти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекуиад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳо ва мактаб ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Ба гуфтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».
Мо, тоҷикзодагони асил ҳамеша пайи он мекӯшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург. лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо -забондорон вобастагӣ дорад.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.

— гуфтаи Бозор Собирро бо ифтихори миллӣ шиори бузурги забондӯстон медонем.
Барҳақ, забони модарӣ, шаҳди ҳаёт аст, ки мо- тоҷиконро бо шири модар бурун омада ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва мағзи устухону ҷон самар дода. Он муқаддасу гуворо ва азизу муътабар буда, тоҷиконро болу пар бахшидааст.
Имрӯз фарди тоҷик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозҳои баланд аст, зеро ин забонро ҷаҳониён эътироф мекунанд.

Умедаи Акрамзода, масъули пахши сомонаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg