БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФИЛМИ «ХИЁНАТ» ҲУҶҶАТИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ТЕРРОРИСТ БУДАНИ ҲНИ

ВОКУНИШ. Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» филмест, ки дар он аз тамоми амалҳои ваҳшиёнаи Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом сар карда, аз оғози фаъолияташ то давраи кунунӣ ва то вопасин амалиётҳои хунине, ки аз ҷониби он бо нақшаи пешакӣ сурат гирифт,  инъикос ёфтааст. Аз ин лиҳоз, мебояд филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро ҳуҷҷати тасдиқкунандаи террористӣ будани ТТЭ ҲНИ номид.

Дарвоқеъ, филми номзикр тавонист ҳиллаю найранг, амалиётҳои хунину ваҳшоният ва хусусияти аҳриманӣ доштани ҲНИ-и хоинро ба тамоми миллати тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан созад. Дар воқеъ дар филм он амалиётҳои хунини даҳшатнок ва сӯиқасд ба ҷони арбобони давлатӣ, рӯзноманигорон, сайёҳони хориҷӣ, дипломатҳо ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби ҲНИ бо дастури охундҳои хориҷӣ тарҳрезӣ шуда буданд, ҷой дода шудааст, ки то замони рӯйи навор омадани филм ҳатто қисмати зиёди аҳолӣ, хоса насли наврасу ҷавон дар шинохти чеҳраи ҲНИ ба ҳадди кофӣ қодир набуд. Ҳатто худи ман ҳам, ки зодаи даврони соҳибистиқолии кишвар ҳастам, аз он ривоятҳое, ки дар филм аз забони шоҳидони амалиётҳои хунини ТТЭ ҲНИ бармеояд, шунида ба худ андешидам, ки аз хунхортарин дарранда дида бештар аъзои ТТЭ ҲНИ бераҳму шафқат будаанд. Ҳатто ба хотири аз миён бардоштани Тоҷикистоне, ки акнун дар шоҳроҳи рушди устувор қадамҳои нахустин мениҳад, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва дигар давлатҳои абарқудратро, ки барои барқарор намудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ба гаравгон гирифта, ваҳшиёна ба қатл мерасониданд.

Хонандагони азиз бубинед, ки дар филм ҳамчун далел ба тариқи ошкоро гуфта мешавад, ки ТТЭ ҲНИ то ба андозае ба қатлу куштори инсоният даст задааст, ки ҳатто ҷасадҳои зиёди қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ тавассути техника ба тариқи ғайри дафни мусулмонӣ ва ҳатто дар як чуқурии тавассути экскваторҳо кандашуда то 30-40 ҷасад зери хок карда шудаанд.

Аъзои ТТЭ ҲНИ, ки худро «ҳомии дини ислом» метарошиданд, ҳамин гуна амалиётҳои хунини ваҳшиёнаро дар тамоми қаламрави кишвар то ба андозае ривоҷ доданд, ки анқариб кишвари тозаистиқлоли мо – Тоҷикистон ба пуррагӣ ба нестӣ равад ва ҳадафи аслии ин ҳизби хоин низ ҳамин буду халос! Махсусан бо ана ҳамин ҳадаф аз совхози Туркманистони ноҳияи Вахш шурӯъ намуда, дар тамоми қаламрави кишвар амалиётҳои террористиро роҳандозӣ намуданд, ки дар воқеъ ба кишвари мо хисороти зиёди молию ҷонӣ расониданд. Ба қассобхона табдил додани ҳаммоми совхози Туркманистони ноҳияи Вахш, куштори арбобони давлатӣ ва рӯзноманигорон, ғорати молу мулки сокинон, гаравгонгирию катли сокинони осоишта, таҷовуз ба номус, гирдиҳамоиҳо дар майдони «Шаҳидон» ва дар натиҷа ба ҶИА раҳсипор намудани сокинони кишвар аз ҷумлаи «қаҳрамониҳо»-и ҲНИ-и хоин буданд. 

Мардумфиребӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба сафи ин ҳизби хоин тавассути маблағ ва ҷалби онҳо бо ваъдаҳои дурӯғин ва бо усули «мағзшӯӣ» ба амалиётҳои террористӣ бо номи «ҷиҳод» дар он замони ниҳоят ҳассос аз ҷониби ашхоси ғайр ва хадамотҳои ҷосусии кишвари исломии ба мо маълум маблағгузорӣ мегардид, ки махсусан бо ҳамин усул ҲНИ тавонист ба худ нерӯ бигирад. Гузашта аз ин, ҲНИ гарчанде дар даврае, ки дар кишвар расман фаъолият мекард, ҳизби сиёсӣ ва исломӣ буд ва дар пояи мазҳаби ҳанафӣ не, балки дар пояи мазҳаби шиа ва равияи ваҳобия таъсис дода шуда буд. Аз ин ҷо ба ҳамагон маълум гардид, ки ҲНИ аз ҷониби душманони берунаи Тоҷикистон бо ҳадафи сарнагун сохтани кишвар таъсис дода шуда, маблағгузорӣ мегардидааст ва тамоми аъзоёнаш, ки беш 30 ҳазор нафарро ташкил медод, нерӯи аҳриманӣ будаанд,-гуфта мешавад, дар филми «Хиёнат».

Дар воқеъ, вобаста ба ҷаҳли ҲНИ-и хуношом ҳарчӣ қадар гӯем, кам аст. Аз хиёнатҳои ҲНИ метавон як китоби ҷаҳл рӯйи чоп овард, вале ба он беномусҳо заррае халқу миллат ва ягон порча замини кишвар арзише надорад ва тамоми миллати тоҷик низ аз кардаҳои ҲНИ ба пуррагӣ огоҳ буда, ба ӯ нафрат мехонанд.

Дар матлаби рӯйи чоп овардаи Мунаввари Сафар таҳти унвони «Умри хоин набошад дароз» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз 01.10.2020, таҳти №192 (24047) омадааст, ки «Филми «Хиёнат» агар аз як тараф ҳамон ҷароҳатҳоеро, ки зархаридони хориҷӣ солҳои навадум ба қалби мардуми тоҷик расондаанд, тоза кунад, аз тарафи дигар, пеш аз ҳама, ҷавононро ҳушдор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошанду ба доми фиреби ин гуна хоинони ватанфӯрӯш наафтанд ва нагузоранд, ки ба фазои сулҳу оромӣ ва рушду шукуфоии Ватани азизамон халале ворид шавад».

Ман низ аз тамоми ҷавонони кишвар ҳамин тақозоро дорам ва гуфтаниям, ки мо ҷавонон бояд як сипари боэътимоди кишвар ва Пешвои миллат бошем, ки тавонем Тоҷикистонро аз ҳаргуна хавфу хатарҳои муосир ҳимоя намоем.

Фарҳод Обидзода, узви фаъоли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg