БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Расонидани муҳтавои суханронии Пешвои миллат ба мардум

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Равшан” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба расонидани муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқот доир гардид.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Равшан”,  директори мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб Рустамов Баҳром иштирок ва баромад намуданд.

Зимнан, Фирӯзи Саидмӯъмин ҳангоми суҳбат қайд дошт, ки дар мулоқот Пешвои миллат ҳамчун роҳбари дилсӯзу ғамхор ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро таҳлилу баррасӣ намуда, барои раҳоӣ ёфтан аз ҳамаи он мушкилоту буҳронҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, дастуру ҳидоятҳои созанда додаанд.

Ҳамзамон, Рустамов Баҳром зимни суханронии хеш гуфт, ки Пешвои миллат дар муроҷиат ба аҳли ҷомеаи кишвар иброз доштанд, ки дар дунё яке аз мазҳабҳои хайрхоҳи мусалмонӣ ва мазҳаби таҳамулгаро ин мазҳаби Имом Абуҳанифа мебошад.

Маҳз дар суннатҳои ниёгони мо сафои қалб ва одоби ҳамида, ҳусни ботин ва зиннати зоҳири мусалмонон дониста шуда, хайрхоҳӣ нисбати ҳамдигар, шод сохтани дили наздикон ва дасти кӯмак дароз кардан ба ятимону камбизоатон аз шартҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg