БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФИРЕФТАИ ДУРӮҒҲОИ КАБИРӢ НАШАВЕД!

ВОКУНИШ. Ватан! Чӣ гуна калимаи зебост, сода, дилнишин ва равон. Дар он ҷаҳон - ҷаҳон маъно нуҳуфтааст. Ватан болу пар, бахту иқбол, орзу ва умеди инсон мебошад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Ватан ва модар ҳаммаъно ва ҳамрадифанд.

Аммо бадхоҳе ба монанди Кабирӣ ва паймони дурӯғини ӯ мафҳуми ин калимаро гӯё, ки дарк намекунанд ва онро бо пул фурӯхтаанд. Имрӯзҳо дар ҳар ҷаласа ва маҷлисҳои сохтаашон бо бархе аз гумроҳону хоиноне ба монанди худаш Ватани азизу маҳбуби моро зери танқиди беасос қарор дода, дар шабакаҳои интернетӣ маводҳо аз мусоҳибаҳои таънаомезаш пахш менамояд. Ба саволҳои тайёрнамудаи худаш ҷавоб мегардонад, ки ин найрангбозии ӯ ба дили мардум задааст. Муҳиддин Кабирӣ тавре мусоҳиба мегузаронад, ки гӯё ӯро дар ин Ватан ҳама интизор бошанд, аз бадкориҳои анҷомдодааш дар ҳаққи ин кишвар ба қавле фаромӯш кардааст, ки маҳз бо айби ин наҳзатиҳо дар кишвар ҷанг сар зад ва зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷони худро аз даст доданд.Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озоду демократӣ эътироф кардааст, боз мехоҳад, ки кишвари амну озоди моро ба доми шуру ғавғо кашад. Мо бояд мисли ангуштони як даст, шохоби як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар гулгулшукуфоии давлати воқеии дунявӣ саҳм бигузорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем. Бо эътимод гуфта метавонем, ки мо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонӣ истиқлолияти давлатии худро ҳифз намуда, Ватанро ободу зебо мегардонем.

Дар шароити имрӯза мо метавонем, ки ҳар як дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, илму фарҳанг, техника ва иқтисодиёти Тоҷикистонро рушд бахшем. Бояд ба Ватан, ки баҳрамон тинҷиву осудагиро фароҳам овардааст, ҳаргиз хиёнат нанамоем ва ҳамеша шукри истиқлоли Ватани маҳбубамонро намоем.

Ватанро бинозам, маро дар канор,

Чу модар гирифту намуд бахтиёр.

Тағайзода Рустам,  муовини раис- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg