БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ МОРҲОИ ЗАҲҲОКӢ ДАР ФИЛМИ ХИЁНАТ

ВОКУНИШ. Терроризм ва экстремизм, ки вабои имрӯзаи асранд, ҷомеаи ҷаҳониро бештар аз ҳар вақти дигар ба ташвиш овардаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол пеш бо эҳсоси ин хатар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд, ки ба он бетафовут набошанд ва дар ин самт тадбирҳои заруриву муассир биандешанд.

Тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро тамошо кардам. Пас аз тамошои ин филм барои сарбозоне, ки бегуноҳ ҷони худро аз даст додаанд, аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд ва  ҳам нафратам нисбати аъзо ва пайравони ин мурдаи пӯсидаи сиёсӣ собиқ ҲНИ аз пештара дида зиёд шуд. Бори дигар ба хулосае омадам, ки ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ ва дигар ҳаммаслаконаш ҳеҷ гоҳ дар ободиву осоиштагии мамлакат набуданд ва нахоҳанд буд.Ба намоиш  гузоштани ин филм бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро аз амалҳои шуми ин хоинони миллат ҳушдор месозад. Сокинони кишвар огаҳӣ пайдо карданд, ки барои аъзо ва ҷонибдорони собиқ ҲНИ   Ватан, маҳал умуман аҳамият надошт. Пайравони ТЭТ ҲНИ дар ҳама минтақаҳои кишвар ба куштор, таҷовуз ба номуси занону духтарон ва ғорати мардум машғул буданд. Чи гунае,  ки иддае аз ҳамнишинони Муҳиддин Кабирӣ дар наворҳо аз давраҳои кору фаъолияташон дар Тоҷикистон ва берун аз он  ёдовар шуданд, онҳо ҳамеша аз пайи ҷамъ намудани молу сарват, айшу ишрат ва манфиатҳои худ буда, ҳатто ба наздикони худ низ хиёнатро раво дидаанд.  Маҳз ҳамин хоинони ватанфурӯш бо мақсади ба даст овардани мансаб ва маблағҳои муфт дар солҳои 1992 мардумро ба  майдон кашиданд, ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳро ба қатл расониданд. Ҳазорон фарзандон ятим, занон бешавҳар ва модарон бе фарзанд монданд.  Бадбахтиву бадхоҳии онҳо боис гардид, ки зиёда аз 1 миллион шаҳрвандон гуреза, ҳазорон нафар дар ғарибӣ вафот ва  ба Тоҷикистон миллиардҳо доллари америкоӣ хисороти иқтисодӣ расонида шуд. 

Филми мазкур бори дигар чеҳраи манфури ин хоинони миллатро ба тамоми мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон нишон дод. Дар ин филм тамоми кору пайкори бади онҳо муфассал бо далелҳои исботкунанда, аз забони шоҳидон ба мардум расонида шуд. Наворҳои пешниҳодшуда дар шабакаҳои телевизионӣ мардуми моро бори дигар ҳушдор дод, ки мо бояд ба дассисаву дуруғгӯӣ, иғвоангезиву маҳалгароӣ, ҷудоиандозии  хоинони миллат бо роҳбарии М.Кабирӣ фирефта нашавем.

Шукронаи Ватани азизамонро  ба ҷо орем. Ҷонибдори сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем. Ҳушёриву  зиракиро аз даст надиҳем. Манфиатҳои давлату миллатро аз ҳамаи манфиатҳо боло гузорем. Нагузорем, ки бадхоҳону хоинони миллат бори дигар ба сари мардуми мо бадбахтӣ биёранд.

Иброҳимзода Неъматулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg