БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАНД

ВОКУНИШ. Роҳбарият ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ барои сарзамини аҷдодии худ ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз амалҳои ноҷавонмардона, ноором сохтани ҷомеа, кирдорҳои ғаразноку ваҳшоният, куштору ғоратгарӣ, халалдор намудани зиндагии шоистаи мардум ва аз ҳама сангинаш хиёнат ба ин миллат дигар кореро анҷом надодаанд.

Дар ҳар давру замон таърих исботгарӣ ҳодисаҳои ба амаломадаи ҳамондавра аст. Дар давоми солҳои охир таърихи миллати тоҷик исботгарӣ он шуд, ки роҳбарият ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бо амалу кирдорҳои ғаразнок ва ноҷавонмардонаи худ ҳамчун хоинони миллат, шинохта шудаасту мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон чеҳраҳои аслии онҳоро пайхас намуда, дигар ба онҳо бовар надоранд.

Онҳо то ҳол дур аз Ватан истода, ба амалу кирдорҳои ношоистаи худ, мехоҳанд фазои тинҷию оромӣ, сулҳу ваҳдат ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистонро, ки бо ҷоннисориҳои зиёд ба даст омадааст, ноором созанд. Вале фаромӯш набояд кард, ки оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шудааст, азалӣ буда, мардуми шарафманди ин сарзамин бо пуштибонӣ аз сиёсати оқилонаю созандагии ин қаҳрамони миллат, дигар ба кирдору амалҳои ғаразноку ноҷавонмардонаи хоинони миллат бовар накарда, дар чунин фазои осоишта зиндагии саодатмандона менамоянд.

Имрӯзҳо, ба мо аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълум аст, ки сар карда аз роҳбарият ва ҳаммаслакони собиқ ҳизби террористӣ - экстремистӣ (ҲНИ) тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ кӯшиши дастнорас мекунанд. Яқин медонам, ки шумо ба боварии ҳеҷ кас сазовор нестед.

Албатта, имрӯз мо ифтихормандона аз таҳия ва намоиши филми ҳуҷҷатии “МАРДИ РОҲ”, ки аз корнамоиҳо ва қаҳрамониҳои фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, дар эҳёи давлатдории миллӣ, расидан ба сулҳу суботи комил, барқарории сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманде гузоштааст, дарси садоқатмандиро меомӯзем. Чунки тамошои ин филм руҳияи насли ҷавони кишварро бори дигар ба худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, садоқатмандӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни гузаштаи миллати тоҷик тарбия намуда, бори дигар аз шуҷоатмандию ҷонфидоӣ ва мактаби бузурги ватандӯстию садоқатмандии ин марди роҳ Пешвои муаззами миллат ошно месозад. Мо ҷавонон аз мактаби ватандӯстию созандагӣ ва садоқатмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста омӯзиш мегирем.

Дар воқеъ Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар тавонист, ки бо як рӯҳияи баланд мардумро сарҷамъ ва муттаҳид намояд. Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо масъулияти баланд барои ояндаи Ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳарчи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад. Ин шахсияти таърихии миллат кори худро аз сулҳ оғоз намуда, то ташаббусҳои байналмилалӣ оварда расонид. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишварӣ мустақил мешиносанд.

Дар ҳамин замина миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳалаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд. Аз баракати сулҳу ваҳдат мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созем.

Маҳз бо чунин нияти нек ва масъулияти баланди ватандорӣ мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки зери сиёсати бомарому ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ҳар як амалу рафторҳои ноадолатона ва кирдорҳои ғаразноку бедодгариҳои собиқ ҳизби террористиӣ - экстремистӣ (ҲНИ) - ро қатъиян маҳкум менамоем.

Мо аз мактаби сулҳофару созандаи Пешвои миллат садоқатмандӣ ва содиқ будан ба Ватанро омӯхтаем!!

Назаров Наврӯз, сарвари МТМУ №10-и ноҳияи Кӯшониён                        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg