БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТРО НАМЕБАХШЕМ!

ВОКУНИШ. Баъди тамошои филми «Хиёнат» боз як бори дигар он рӯзҳои шуме, ки Тоҷикистони азизам бо марг даст ба гиребон буду аз дасти наҳзатиҳои палид харобу валангор гашта буд, пеши назарам омад. Дар он рӯзҳои мудҳиш кӯдаки шашсола будам, айёми шӯхиву бозӣ, давутозӣ. Ҳамин ки овозаҳо оид ба ҷанг дар гӯшаву канор паҳн гардид, ман ларзону ҳаросон ба модарам мегуфтам, ки ба ягон ҷои амне паноҳ барем, то аз дасти он душманони қаттол осеб набинем. Дар он рӯзҳои мудҳиш шабҳо то субҳ овози гӯшхарош ва баҳаросоварандаи тӯпу туфанг ба гӯш расида, мани кӯдакро ба изтироб меовард ва зуд ба оғӯши модарам даромада, гиря мекардам, ки кай ин овози шуми тиру туфанг аз кишвари мо несту нобуд мегардад. Бо дидани ин филм боз дубора он рӯзҳои ваҳшатангез ба ёдам расид. Бераҳмиву куштор, одамрабоӣ, гаравгонгирии сокинони чи дохил ва чи хориҷ, талаву тороҷ намудани молу рӯзгори одамон, сарсониву саргардонии хурду калон, гурехтани одамон аз як гӯшаи диёр ба гӯшаи дигаре дар ин филми ҳуҷҷатӣ возеҳу равшан ошкор гардида, амали он  ноҷавонмардон ба пуррагӣ инъикос ёфтааст. Чӣ сон он аҳримансифатон ба бародарони худ, аппаву хоҳарони худ, падарону модарони худ раҳм накарда ба азобу шиканҷа додани онҳо даст задаанд. Ба хотири ба даст овардани пулу мол, мансаб ва ҷоҳу ҷалол  ба халки худ ин хиёнати бузургро раво диданд, ки ин амали онҳо на аз ҷониби Худованд ва на аз ҷониби халқ бахшиданӣ нест.

Дар ҳама қисматҳои филм дида шуд, ки чӣ тавр одамони ҷабрдидаи ҷанги шаҳрвандӣ  он азобу шиканҷаи  аз тарафи наҳзатиҳо додаро бо душворӣ паси сар намудаанд ва ба ҷавонону насли имрӯзаи диёр муроҷиат карда мегуфтанд, ки ҳушёриву зиракӣ ва ҷасорату мардонагиро аз даст надода, ба   фанду фиреби ин нохалафон дода нашаванд. Балки бо нангу номуси тоҷикона сулҳи устувор, пойдор ва абадиро дар Тоҷикистони ҷоноҷонамон нигоҳ доранд. Зеро ояндаи кишварамон маҳз ба ҷавонон вобастагӣ дорад. 

Умедаи Акрамзода, масъули пахши сомонаи КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg