БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТҲОИ ҶАҲОН

АНДЕША. Дар замони муосир интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташакули мақомоти ҳокимияти давлати таъмин карда мешавад. Ҳамчунин дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои сиёси шаҳрвандон аз интихобот вобастагии зиёде дорад. Бояд гуфт, ки интихобот яке аз меъёрҳои асоси ҷомеаи демократи ба шумор рафта ба васитаи он ҳокимият ба таври осоишта ва бо идораи халқ аз дасти як гуруҳ ба дасти гуруҳи дигар мегузарад. Бинобар ин интихобот воситаи иваз гардидани воситаи ҳукумрон ба шумор меравад. Самараноки интихобот ва аз тарафи ҷомеъа эътироф гардидани натиҷаҳои он яке аз нишонаҳои муҳими ҷомеъаҳои демократи маҳсул меёбад. Интихобот ҳалли масъалаҳои дар ҷомеа ба вуҷуд омадаро ба таври осоишта ва бо усулҳои сиёси бояд таъмин намуда тавонанд.

Интихобот қисми таркиби раванди сиёси мебошад. Ҳангоми гузаронидани интихобот шаҳрвандони мамлакат дар ҳаёти сиёси ҷомеъа фаъолона иштирок намуда интихоботи халқи ва намояндаги гуруҳҳои мухталифи иҷтимоиро таъмин менамояд. Дар тамоми давлатҳое ки эъмори ҷомеаи демократиро пеш гирифтааст ҳуқуқ ба таври озод интихоб намдан ва интихоб шудан яке аз ҳуқуқҳои асоси шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад. Масалан дар Моддаи 27 Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуқуқи муҳими сиёси барои шаҳравандон кафолат медиҳад. Тахлили тачрибаи сиёси давлатҳои ҷаҳон имкон медиҳад, ки навъҳои гуногуни интихобот аз ҳамдигар фарқ карда шавад. Аз ин рӯ дар ҷаҳони муосир чунин навъҳои интихоботро муайян намуданд, ки онҳо аз ҳамдигар бо баъзе хусусиятҳои худ тафовути ҷидди дорад.

Интихоботи Призидентӣ. 2) Интихоботи  парлумонӣ. 3) Интихобот дар мақомоти худидораи маҳалӣ. 4) Интихоботи дар мушовараи қонунгузори субектҳои федеративӣ. 5) Интихоботи дар бораи интихоботи шахсони мансабдор. 6) Интихобот ин дар муасисаҳо. Меъёрҳои бо таври умуми баробар мустақим ва бо овоздиҳи пинҳони сурат мегирад. Интихоботити Маҷлиси намояндагон. Маҷсиси оли  кафолат дода шуда аст. Меъёри умуми маънои онро дорад, ки дар интихобот шаҳрвандоне, ки синашон ба ҳаждаҳ расидаст, ҳуқуқи дар интихобот иштирок намуданро доранд ва дар ин самт ҳеҷ гуна маҳдудиятҳо бояд чой надоштабошад. Ҳолатҳои истиснои қонуни нишон медиҳанд, ки интихобкунандагоне метавонанд дар ин бобат дар интихобот иштирок варзанд, ки агар онҳо ҳуқуқи овоз доданро доштабошанд. Зеро ҳеҷгоҳ шумораи интихобкунандагон бо шумораи шаҳрвандони синашон аз 18 боло мувофиқат намекунад баъзе аз нафарон бо сабабҳои гуногун аз қабили надоштани ҷойӣ истиқоматӣ ҳақи овоз доданро аз даст медиҳанд. Мувофиқи Модаи 27-и Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “шахсе, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дошта шудаанд ва ё мувофиқи ҳуқуқи суд дар ҷойҳои аз озоди маҳкумшудагон нигоҳ дошта мешавад  ҳуқуқи дар интихобот ва райпурси иштирок карданро надоранд меъёри баробари маънои онро дорад, ки интихобкунандагон шумораи баробари овозҳоро соҳибанд, яъне як нафар аз як овоз дорад. Дар шароити муосир ҳуқуқи интихоботи фаъол ва ғайри фаъолро аз ҳамдигар фарқ менамоянд. ҳуқуқи интихоботи фаъол ин ҳақи дар интихобот иштирок намудан интихоб кардан ва овоз доданро дар бар мегирад. Айни замон дар ташкил ва гузаронидани интихобот ҳамагуна маҳдудиятҳо аз қабили маҳдудиятҳои табақавӣ, модӣ, маърифатӣ, нажодӣ, этикӣ ва монанди инҳо аз байн бурда шуда, доири нафароне, ки ҳақи интихоботиро соҳибанд, хеле васеъ мебошад. Масалан дар як қатор давлатҳои мусалмони то ибтидои асри 21 занҳо ҳақи дар интихобот иштирок буданро соҳиб набуданд ва ҷунин ҳолатҳо ҳам ба мушоҳида мерасанд (дар Арабистони Саъуди соли 2005 ва 2009 занҳо дар интихобот иштирок накарданд), дар Ҷумҳури Лубнон иштирок дар интихобот барои мардон ҳатми буда, иштироки занҳо ҳатми нест. Дар аморати Мутаҳидаи Араб натанҳо барои мардон низ маҳдудият барои иштирок дар интихобот мавҷуд аст, масалан соли 2011 дар интихобот 12 % шаҳрвандон ширкат арзиданд. Дар якқатор мамлакатҳои дигар якчанд сол пеш занҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро пайдо кардан. Масалан, дар Кувайт соли 2005 дар Умон соли 2003, дар Самоа соли 1990, дар Шветсария соли 1971, занҳо ҳуқуқи интихоботро пайдо карданд. Ғайр аз ин, дар баъзе аз мамлакатҳои дунё ҳуқуқи интихоботи ба аҳали муқими ва ғайри муқими низ сару кор дошта дар ин ҷабҳа баъзе мавҷудиятҳо ба вуҷуд меоваранд, масалан дар ИМА шарҳвандони ин ё он маҳал дар минтақаи худ на камтар аз 30 рӯз бояд умр басар баранд то, ки дар интихобот ширкат намудан ҳуқуқ пайдо кунанд. Дар Канада ва Финладия як сол ва дар Норвегия ин нишондод 5 солро ташкил медиҳанд. Дар як қатор мамлакатҳои дигар ба воситаи интихоботи дузинагӣ интихоб карда мешавад. Дар Франсия қисми асосии сенат ба воситаи интихоботи сегонагии ташкил карда мешаванд. Интихоботҳое, ки дар Олмон гузаронида мешавад, дар асоси системаи интихоботии омехта сурат мегирад. Зеро як қисми вакилони Бундестаг аз рӯи системаи мажоритарӣ аксарияти мутлақ ва қисми дигар аз рӯи системаи мутаносиб интихоб мегарданд, дар ин мамлакат ҳар як интихобкунанда 2 овоз

дорад.

Қосимов Муҳаммадраҷаб - волонтиёри Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg