БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР КӢ БАР ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ, ЧУ БАҲР, ЗУД БОШАД, КИ САРИ ХЕШ ЧУ ГИРДОБ ХӮРАД!

 

ВОКУНИШ. Интихобот-инъикосгари ҷомеаи демократӣ буда, халқ озодона дар ҳаёти сиёсии давлат иштирок ва ояндаи худро тарҳрезӣ менамоянд. Ҳар як интихобот боз як давраи рушди навини давлатро мекушояд, зеро ҳар як интихобот ақидаҳои нав, нақшаву барномаҳои навро дар бар мегирад.

Имрӯзҳо халқи тоҷик дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ – Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мардуми кишвар интихоботи дарпешистодаро ба хубӣ интизоранд. Вале мутаассифона, чун интихоботҳои қаблӣ хоинони миллат дар арафаи интихобот дар шабакаҳои интернетӣ фаъол мегарданд, бар зидди давлату Ҳукумати Тоҷикистон маводҳои муғризона паҳн месозанд. Якчанд нафар хоинон, ки бо гуноҳе тарки ватан намудаанд, бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бо иғвоангезии худ мехоҳанд мафкураи ҷамъиятро талқин ба бадбинию хушунат равона созанд.

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки аъзои собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ бо терроризм ва ифротгароӣ решапайванди азалӣ доранд ва аз ин мақсади нопоки худ гаштанӣ нестанд. Роҳбарони фирории ҳизби мамнуъгардидаи терористӣ дар ҳудуди кишварҳои аврупоӣ ҳамеша талош меварзанд, ки аз нерӯи бузурги ҷавонони тоҷик, барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд. Вале мардуми Тоҷикистон ҷиноятҳои содирнамудаи роҳбарият ва аъзои ҳизби террористии наҳзатро фаромўш намекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-ум ҳанўз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёрӣ ҳадафи амалҳои тахрибкорона ва террористии аъзо ва роҳбарони ҳизби наҳзат бо дигар душманони хориҷӣ қарор гирифт, дар он солҳо кишвари моро ба «саҳнаи озмоишӣ» ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд.

Имрӯзҳо роҳбари собиқ Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ бо ҳаммаслакони худ дар хориҷи кишвар амалиёти худро идома медиҳанд ва бо изҳоротҳои нав ба нав нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон, мекӯшад амнияти кишвари моро боз халалдор созанд.

Имрӯз мардум хубро аз бад, дӯстро аз душман ба хубӣ фарқ карда метавонанд. Вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои интернет ва филми «Хиёнат» паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҳизби наҳзат ва роҳбари он ошкор гардидааст.

Тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус ҷавонон бар зидди нақшаҳои харобкоронаи террористон, хусусан аъзои собиқ ҳизби наҳзат дар ҳамбастагӣ мубориза бурда, иҷозат намедиҳем, ки ин душманони миллат дубора сабабгори ҷангу низоъ дар кишвари биҳиштосоямон гарданд. Ҳар, ки амалаш бар душмании халқ равона аст, ҳамватан нахоҳем шумурд!

Вақт нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дуруст аст ва барои таъмин намудани зиндагии шоиста мардум равона гардидааст. Таърихи давлатдории навини тоҷикон бори дигар собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Ҳар як фарди бонангу ори тоҷик, бахусус ҷавонони даврони Истиқлол, ки аз файзу самараи он баҳравар ҳастем, дар фазои сулҳу оромии Ватан умр ба сар мебарем, дастовардҳои дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунем.

Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзади арзандаро пешбарӣ кардааст ва барномаи созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар оянда низ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат роҳандозӣ гардидааст ва амалӣ хоҳад гашт.

Барои хоинони миллат, ифротгароён, бахусус наҳзатиён муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд, муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Вале халқи тоҷик як роҳбар дорад!

Халқи тоҷик – Пешвои маҳбуби худро дорад!

Дилафрӯзи Абдулло, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg