
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Айвоҷ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади фаҳмонидани моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, таъмини волоияти қонун, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон мулоқот доир гардид. Дар вохӯрӣ масъулин оид ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому пешравиҳои меҳан суханронӣ карда, сокинонро барои боз ҳам рушд кардани Тоҷикистон, интихзоби ояндаи босаодат ва иштирок дар интихоботро даъват намуданд.