ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи талиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади шарҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Бинокор”-и Ҷамоати деҳоти Обшорон бо усули “хона ба хона” вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор намуданд.
Зимни мулоқот масъулин аз Барномаи пешазинтихоботии номзад иқтибосҳо оварда, иброз доштанд, ки мо шаҳрвандон вазифадорем, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар самти пешрафту ободии Ватанамон -Тоҷикистони азиз дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, барои худ ва насли оянда шароити хуби зиндагӣ фароҳам оварем. Инчунин, онҳо таъкид гардиданд, ки дар рӯзи интихобот, ки санаи 11-уми октябри соли ҷорь дар қалдамравӣ ҷумҳурӣ доир мегардад, интишор карда, мавқи худро бо интихоби номзади арзанда муайян намоянд.