ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Истиқлол”-и Ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз суҳбати “хона ба хона” бо сокинон бо мақсади фаҳмонидани Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, таъмини волоияти қонун, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон доир гардид.
Дар мулоқот гурӯҳи таблиғотии ҳизбь вобаста ба моҳияи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ва дастовардҳои таърихии даврони Истиқлолият андешаронӣ карда, интихобкунандагонро барои интихоби дуруст раҳнамоӣ карданд.