А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамбастагӣ бо аъзои гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Шаҳрак” оид ба маҳалли зист ҷиҳати муаррифии номзад ва расонидани мазмуну муҳтавои самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.
Намояндагон дар бораи масъалаҳои марбут ба интихобот, иштироки фаъолонаи мардум дар интихобот, ҳимояи ҳуқуқҳои интихобкунандагон ибрози ақида намуда, номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии номзадро ба аҳли ҷамоатчигӣ муаррифӣ карданд.
Дар ин мулоқот ҳизбиён кӯшишу талошҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар давоми солҳои фаъолияти Президентиашон ҷиҳати сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва рушду инкишофи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба маълумоти сокинон бо мисолҳои мушаххас баён карданд.