БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ СИТОД ВА ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Холов Алишер ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷом  ташриф оварда, аз фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявии ҳизб ва фаъолияти гурӯҳ ва зергурӯҳҳои тарғиботии пешазинтихоботии ноҳиявии ҳизб шинос гардид.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб аз санаду қарорҳои Ситод, протоколҳои маҷлисҳои Ситод ва ҷадвали гузаронидани вохӯриҳои гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии ноҳиявии ҳизб дидан намуда, фаъолияти кори Ситоди ноҳиявӣ ва корҳои ба анҷом расонидаро дар самти таблиғу ташвиқи номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз санаи 15 сентябр то санаи 6 октябри соли 2020 ба ҳисоб гирифта, мусбӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон барои фаъолияти минбаъда ва ҷамъбасти Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба таблиғи номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсияҳои муфид пешниҳод намуд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg