БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ШУКРГУЗОРӢ АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА АСОЛАТИ МИЛЛӢ ДАР ИНТИХОБОТ ИШТИРОК МЕНАМОЕМ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ   бо ҳамроҳии корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Холов Алишер бо сокинони деҳаи Правдаи Ҷамоати деҳоти Иттифоқ корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузарониданд. 

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳалимов Маҳмаддовуд баромад карда, мазмуну муҳтавои самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба дарки сокинон расонид. Инчунин, дар ин замина оид ба иҷрои масъалаҳои муҳими соҳаҳои мухталифи кишвар, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  то соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, баён намуданд.

Намояндагон дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва давоми ҳафт соли гузаштаи кишварро, ки бевосита бо заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, бо мисолҳои мушаххас ба саҳми сокинон расониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg