А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамбастагӣ бо корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо сокинони деҳаи ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати деҳоти Яккатут корҳои таблиғотию ташвиқотиро роҳандозӣ намуданд.
Намояндагон самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳми ҳозирин расонида, ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаро, ки дар ҳафт соли оянда дар асоси Барномаи пешазинтихоботии номзад ба нақша гирифта шудааст, баён карданд.
Инчунин, намояндагон дастовардҳои ҳафт соли гузаштаи кишварро давоми солҳои 2013-2020, ки бевосита аз заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, бо мисолҳои мушаххас ба саҳми сокинон расониданд.
Бо назардошти гуфтаҳои болозикр намояндагон мардумро ба интихоби дуруст ва ояндасози кишвар, ки рӯзи 11 октябри соли равон баргузор мегардад, даъват намуда, хоҳиш намудаанд, ки аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ дар раванди интихобот истифода баранд ва ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз диҳанд.