БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОБОДИИ ВАТАН ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТРО ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ХУД МЕҲИСОБЕМ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ба саҳми сокинон расонидани нақшаю дурнамои рушди Тоҷикистон барои ҳафт соли минбаъда, ки аз Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд,  бо сокинони ноҳия дар хиёбони марказии ноҳия суҳбатҳои сарироҳии инфиродӣ гузарониданд. 

Дар раванди мулоқотҳо намояндагон оид ба масъалаҳои интихобот суҳбат намуда, иродаи олии халқро ба воситаи интихобот ҳамчун саҳмгузор дар таъсиси ҳокимияти давлатӣ донистанд. Дар ин замина ҳизбиён масъулияти шахсӣ доштани ҳар як шахсро дар интихобот лозим дониста, барои ояндасозии кишвар мардумро ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад,  даъват намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg