БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ НИШОНА АЗ СОҲИБДАВЛАТИСТ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Холов Алишер  бо мақсади таблиғу ташвиқи номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии “Барқчиён” мулоқот доир карданд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Холов Алишер бо гӯшаи ҳизбӣ ва фаъолияти ташкилоти ибтидоии ноҳиявии ҳизбии “Барқчиён” шинос гардида, барои фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар ҳамкорӣ бо мардум бо усули “хона ба хона” дар баробари хизматрасонӣ ва ҷамъоварии маблағи барқ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти таблиғу ташвиқи номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастуру супоришҳо ва тавсияҳои муфид дод.  

Ҳизбиён дар рафти мулоқоти мазкур бо  кормандон оид ба нишондиҳандаҳои тараққиёти рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат давоми солҳои 2013-2020 бо мисолҳои мушаххас ибрози ақида намуда, нақшаю тадбирҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки амалишавии онҳо то соли 2027 роҳандозӣ гардидааст, ба саҳми онҳо расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg