БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН 29 СОЛА ШУД

АНДЕША. Дар таърих кам вомехӯранд кишварҳое, ки пас аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ  ба муваффақиятҳо ноил бигарданд. Ҳарчанд мо тоҷикон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии миллӣ мувоҷеҳи ҷанги шаҳрвандӣ гардида будем, лек тавонистем, ки бо азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин вартаи маҳвшавӣ берун шавем.

Имрӯзҳо кишвари азизу маҳбуби мо шомили чандин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили СММ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони байналмиллалии Салиби Сурх, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва ғайраҳо гардидааст.

Мо тоҷикон мефахрему меболем аз оне, ки давлати моро беш аз 197 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносанд. Ҳарҷанд 29 сол дар таърих давраи тӯлонӣ набошад ҳам, аммо тавонистем, ки дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба пешравиҳои пай дар пай ноил бигардем.

Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро хело ҳам хуб қайд карда гузашта буданд: “Солҳо мугузаранд, лек ҳамаи ин пешравиҳое, ки дар вақту замони кӯтоҳ пас аз сипарӣ гардидани ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омадааст, дар назди наслҳои оянда, монанди як филми тахаюлиро   (фантастикӣ) мемонад”. Бояд тазаккур дод, ки мамлакати азизу муқаддаси мо, ки бар худ ном Тоҷикистонро дорост, бо суръати кайҳонӣ рушду нуму кардаву ба яке аз кишварҳои моделии ҷаҳон мубаддал гардида истодааст.

Пас биёед, аз хоби ғафлат бархезему ба қадри ҳамаи ин неъматҳо бирасем ва ҷиҳати рушду нумӯи кишвари азизамон ҷаҳду талош биварзем. 

Муродов Ҷамшед, волонтёри назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg