
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари мманфиатҳои миллӣ. Дар доираи нақшаи корӣ аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони деҳаи Вализодаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ бо усули "дар саҳро" чорабинии тарғиботии ҳизбиро баргузор намуданд.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ зимни вохӯрӣ таъкид доштанд, ки ҳар як шахс ҳуқуқи интихоб карданро дошта, вазифадор аст, ки баҳри рушди босуботи кишвар санаи 11 октябр ба тарафдории номзади арзанда овози худро диҳад.
Ҳамзамон, дар баробари мулоқоту вохӯриҳо намояндагон мазмуну муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки амалишавии нақшаю тадбирҳоро баҳри рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва некӯаҳволии мардум равона гардидааст, ба саҳми мардум расониданд.