БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ҚАРЗИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари мманфиатҳои миллӣ. Ҳайати гурӯҳи  таблиғотӣ ва  зергурӯҳҳои  назди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав ҷиҳати   дар  сатҳи  баланди  сиёсӣ баргузор намудани   интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва   таблиғу  ташвиқи  Барномаи пешазинтихоботии  номзад ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   аз  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон корҳои  таблиғотиро бо маром  идома  дода  истодаанд.

Дирӯз дар деҳаи Бешкаппаи  Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  мулоқоту  суҳбатҳо оид  ба интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор  гардид, ки дар он

аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Барномаи  пешазинтихоботии  номзад ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  ҲХДТ  Эмомалӣ  Раҳмонро  бо  назардошти  дурнамои   ҳафт  соли  оянда  (2021-2027), ки  ба  ҳалли   масъалаҳои  муҳими  ҷомеа  ва  таъмини  рушди  устувори  иқтисодиёт, таҳкими соҳаҳои  иҷтимоӣ, дастоварду  пешравиҳои  кишвар  равона  гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg