Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари мманфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва зергурӯҳи ҳудуди Ҷамоати деҳоти Истиқлол мутобиқи нақшаи фаъолият боусули «хона ба хона» бо кормандони саҳро дар деҳаи Сангобаи Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо сокинон ва саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамчунин ёрдамчиёне, ки ба ғунучини пахта сафарбаршудаанд, мулоқот доир намуданд.
Дар суҳбат гурӯҳи таблиғотӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт соли ояндаро фаҳмонида доданд. Мулоқоту суҳбатҳо тибқи нақша аз ҷониби аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ва зергурӯҳҳо ҳамарӯза бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо ва кормандони саҳро бомаром идома доранд.